Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Беларус сафар кард

Май 27, 2019 11:14

ДУШАНБЕ, 27.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вакили мардумӣ, раиси Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Нурулло Оқилзода ба шаҳри Минск сафар кард.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, сафари мазкур бо даъвати Шӯрои Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус сурат гирифта, дар доираи он баргузории якчанд мулоқоти дуҷониба дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати парлумонии Тоҷикистон  аз Академии давлатии алоқаи Беларус, инчунин аз як зумра муассисаҳои илмии ин мамлакат дидан намуда, бо профессорону омӯзгорон   ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассисаҳо таҳсил мекунанд, мулоқот анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон то 30 май идома ёфта, дар назар аст, ки вакилони тоҷик бо фаъолияти кишоварзон ва саноатчиёни Беларус ҳам шинос шаванд.

Май 27, 2019 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд