БА ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОНИ ПОЙТАХТ: Бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз дар як қисми кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли барқ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз, 24 май аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино интиқоли барқ муваққатан қатъ карда мешавад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансур кӯчаҳои С.Айнӣ, шаҳракҳои 192-193, маҳаллаи Қаротегин, А.Шукуҳӣ, маҳаллаҳои Ховарон, Хайробод, дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаҳои Қаҳҳоров, Мунзин, Вахш, Фучик, Дмитров, Есенина, маҳаллаи Аллачабоғ ва Синои пойтахт кӯчаҳои Тунис, А.Ғуломов, маҳаллаҳои Қазоқон, Испечак, қувваи барқ хомӯш карда мешавад.
«Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда интиқол дода мешавад», -зикр кард манбаъ.








31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд






