Дар Бишкек Шукурҷон Зуҳуров бо Вячеслав Володин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди ҳамкории гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, ки 20 майи соли равон дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, Шукурҷон Зуҳуров ва Вячеслав Володин масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Россияро муҳокима карданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳо, аз ҷумла шарикии стратегии ду мамлакат ёдовар шуда, саҳми сарони давлатҳо-Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путинро дар ин самт баланд арзёбӣ карданд.
Шукурҷон Зуҳуров самтҳои асосии фаъолияти афзалиятноки Тоҷикистонро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, махсусан вазъи мушкили амниятии вақтро дар ҷаҳон таъкид намуд.
«Шохаҳои нави фаъолшавии хатарҳо, аз ҷумла густариши терроризм, тарғиби экстремизм (ифротагроӣ)-и исломӣ ва хушунат, ба таври зӯроварона истифода намудани шабакаҳои Интернет бо мақсади ифротӣ кардани андешаи аҳолӣ ва ҷалби ҳаммаслакон дар назди Созмони Амнияти аҳдномаи дастаҷамъӣ вазифаҳои иловагии мушаххасро мегузорад. Бо назардошти ин, баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро, ҷаласаи умумии бистуми Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро бо иштироки ҳайати нозир дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон саривақтӣ мешуморам»,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия зикр намуд, ки парлумонҳо бавуҷудоварандагони фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ барои тақвияти ҳамкорӣ мебошанд.
«Аз ин хотир, бояд талош кунем, ки ин ҳамкорӣ беш аз пеш густариш ёбад, зеро ҳар қадами устувор дар рушди муносиботи тарафайн дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ аз кӯшишҳои парлумонҳои ҳарду давлат вобастагии амиқ дорад»,-илова намуд В.Володин.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






