Дар Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»-и Норак ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд

Май 14, 2019 14:17

НОРАК, 14.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори Осорхонаи  ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак  бо иштироки меҳмонон, намояндагони мақомоти иҷроия, ҳунармандон, кормандони Осорхона маҳфили  илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар маҳфили мазкур аз  ҷониби дӯзандагону косибон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, бофандагию қуроқдӯзӣ, чӯбтарошиву мӯзадӯзӣ  ба намоиш гузошта шуда, кормандони Осорхона оид ба навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба меҳмонон маълумот доданд. Инчунин вобаста ба ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  рушду равнақи соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ва саҳми  ҳунармандон  дар тарғиби анъанаҳои миллию  мардумӣ ибрози назар карда шуд.

Дар маҳфил ба ҳунари навозандагию ромишгарии   тарбиятгирандагони мактаби бачагонаи санъат ва ҳунармандони беҳтарини шаҳр баҳои арзанда дода шуда, онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Май 14, 2019 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ