КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ: Таъмини амнияти сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кафолат дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷалби сайёҳон ва хизматрасонӣ ба онҳо, таъмини амнияту бехатарии сайёҳон дар мадди аввал қарор дорад»,- таъкид доштанд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои пайваставу созанда ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи «Дарҳои кушод» ва узвияти комилҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, барои ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам омадаанд.
«Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну субот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ин омил барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Бояд зикр кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият намуда, ҳамкории Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ бо ин ниҳод ба роҳ монда шудааст. Ҳар дархосте, ки аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод мешавад, аз ҷониби шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ҳаллу фасл мегардад. Фаъолияти босамари милитсияи сайёҳӣ эътимоди сайёҳонро боз ҳам зиёдтар карда, сатҳи хизматрасонӣ зина ба зина боз ҳам баланд бардошта мешавад», — зикр намуданд дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Бояд тазаккур дод, ки аз тарафи шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли 2019 як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ таъсис дода шуд, ки муддати ду моҳ боз фаъолият карда истодааст.
Аз тарафи кормандони шуъба дар ин давра, бо муроҷиати ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ роҳбаладӣ ва бехатарии зиёда аз 3 гуруҳ дар ҳайати 25 нафарӣ ва як қатор меҳмононе, ки барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварда буданд, ба тамоми минтақаҳои сайёҳии кишвар таъмин карда шуда, инчунин ба 109 нафар сайёҳони хориҷӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки аз рузи таъсисёбӣ то инҷониб аз тарафи кормандони шуъбача «корти сайёҳ» ва «паспорти сайёҳ» коркард шуда, барои истифодабарии сайёҳон ҷорӣ карда шуд ва саҳифаи интернетӣ барои сайёҳони хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграмм» таъсис дода шуд.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон милитсияи сайёҳӣ дар ВМКБ низ фаъолият намуда истодааст, ки бо тамоми таҷҳизоти техникӣ ва алоқа, автомашинаи хизматрасонӣ барои сайёҳони хориҷӣ таъмин карда шуд.
Инчунин, рақами ягонаи таъҷилии милитсияи сайёҳӣ 770-55-55-55 абарои алоқа бо сайёҳони хориҷӣ дастрас гардид.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






