НАХУСТИН ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИНИ ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН НАМОИШ ДОДА ШУД! Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маҳалли воқеа гузориш медиҳад
ДУШАНБЕ, 25.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 23 май дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мушоҳидаҳои фосилавӣ ва технологияи истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар кори он ҳавопаймоҳои бесарнишини Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистону Чин оид ба истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин таҷриба гардиданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз маҳалли воқаеа гузориш медиҳад.
Рӯзи 24 май конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар майдони ҳавоии (аэродроми) ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо намоиши парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин идома ёфт.
Дар аэродром барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани намоиши парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин тадбирҳои муҳим андешида шуда буданд.
Меҳмонон — иштирокдорони конференсияи байналмилалӣ, роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ истиқбол намуданд.
Сипас ба ҳозирин парвози ду намуд ҳавопаймои бесарнишин, ки яке бо қувваи барқ (аккумулятор) ва дигаре бо сӯзишворӣ идора мешаванд, намоиш дода шуд. Ҳавопаймоҳои гуногунҳаҷм 1×1 ва 3×4 наздики ду соат дар баландии 600 метр парвозҳо анҷом доданд.
Иштирокдорон бо амалҳои гуногуни ҳавопаймоҳҳои бесарнишин аз наздик шинос гардиданд.
Тавре дар суҳбат президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бо мақсади илмию татқиқотӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Дар конференсияи байналмилалӣ низ таъкид шуд, ки аз таҷрибаи олимони тоҷик метавонанд, дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ истифода намоянд.
Зикр гардид, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро мутахассисони ватанӣ, ки дар муассисаҳои олии авиатсионии Россия ва Тоҷикистон таҳсил намуда, курсҳои омӯзиширо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хатм кардаанд, мустақилона идора мекунанд.
Қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар Институти физикаи Академияи илмҳо истеҳсол ва коркард мешаванд. Дар оянда низ мутахассисони ватанӣ дар ин самт омода карда мешаванд.
Ба гуфтаи ноиби президенти академияи илмҳо Абдусаттор Саидов, нархи ҳавопаймоҳое, ки айни ҳол дар Парки технологии Академияи илмҳо мавҷуд аст, тахминан 20-25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Узви вобастаи Академияи илмҳо Абдусаттор Саидов иброз намуд, ки дар шароити Тоҷикистон хавфи ба амал омадани офатҳои табиӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Истифодаи ин ҳавопаймоҳҳои хурд имконият медиҳад, ки ҳисороти зиёди иқтисодӣ ва оқибати фалокатбори заминҷунбӣ дар вақти кӯтоҳ муайян карда шавад. Инчунин ба воситаи онҳо мониторинги экосистемаҳои табиӣ ва таъсири инсон ба экосистема, ҳашаротҳое, ки ба хоҷагии мамлакат зарар мерасонад, аксбардорӣ ва ҳудуди паҳншавии он муайян карда шавад. 3% Тоҷикистонро ҷангал ташкил медиҳад ва он барои арзёбӣ намудани ҳолати ҷангалзорҳо низ хеле қуллай аст.
Ҷумҳурии Мардумии Чин дар истифодаи усулҳо ва технологияи татбиқи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар корҳои илмию амалӣ дар ҷаҳон таҷриба калон дорад ва истифодаи таҷрибаи онҳо барои гузаронидани корҳои илмӣ ба манфиат хоҳад буд.
Бояд зикр намуд, ки истифодаи ҳавопаймоҳҳои бесарнишин бо мақсадҳои илмӣ ва амалӣ дар Тоҷикистон аз як тараф ба амнияти озуқаворӣ мусоидат кунад, аз ҷиҳати дигар ба гузаштани мамлакати аграрӣ ба аграрӣ-индустриалӣ суръат мебахшад.













«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад






