Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Денис Мантуров вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
Таваҷҷуҳи хос ба раванди татбиқи лоиҳаи таъсиси Парки саноатии муштараки Тоҷикистону Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкории истеҳсолӣ равона гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба истифодаи самараноки имконияти мавҷуда барои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва таҳкими шарикии стратегии ду давлат мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд






