ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Май 11, 2019 08:23

ДУШАНБЕ, 11.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда,дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 7-12 ва  рӯзона 21-26  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона  10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат  меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13-18  ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона  17-22  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16  ва   рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 27-32  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 21-26  дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш ва базан раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 29-31  дараҷа гарм мешавад.

Май 11, 2019 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад