Парлумон ба Қонун «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро қабул намуд.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд, муҳокима гардид.
Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ба инобат гирифтани вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, тақвият ёфтани терроризм ва экстремизм, мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи террористӣ дар ҳудуди мамлакат, ки метавонанд ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд, инчунин пайдо намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти разведкаи ҳарбӣ берун аз мамлакат таҳия гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, вакилони мардумӣ дар баробари дигар масъалаҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ»-ро низ муҳокима намуданд.
Мавриди зикр аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






