Парлумони Тоҷикистон ба як қатор қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид кард
ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи як қатор қонунҳоро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи мамлакат қабул намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вакилони мардумӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд, як қатор масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз зумраи масъалаҳое буданд, ки имрӯз мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар фарҷоми иҷлосия аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






