Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ мулоқот намуданд

Май 16, 2019 10:38

ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои муносиботи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ муҳокима гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мулоқотҳои пайваста имкон медиҳад, то роҳу воситаҳои наву муассири тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба муайян гарданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибҳо мавқеъгирии ягонаро нисбат ба таҳдидҳои аслӣ — терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир, амри ниҳоят зарурӣ шумурданд.

Таъкид гардид, ки дар марҳалаи ҳассоси замони муосир, бахусус фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, аз ҷумла ДОИШ, ҳамкории васеъ ва дастаҷамъонаю  амалии кишварҳо ҷиҳати мубориза бар зидди зуҳуроти харобиовар, нобуд кардани гурӯҳҳои террористиву ҷинояткорони қочоқи маводи нашъаовар, муҳим мебошад

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ масъалаҳои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетика ва зерсохтор, таъмини сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ, иттилоот ва фаъолияти иҷтимоиро баррасӣ карданд.

Бо итминон таъкид гардид, ки Тоҷикистон имкон дорад дар шароити имтиёзӣ барои Афғонистони бародар ҳазорон мутахассиси соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва кадрҳои илмиро тарбия намояд.

Истифодаи зарфиятҳои зиёд дар соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои гидротехникӣ, обёрӣ, боғдорӣ, баҳрабардорӣ аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, роҳҳо, пулҳо, долонҳои транзитӣ ва зербиноҳои дигар имкониятҳои нави рушди иқтисоди Тоҷикистон, Афғонистон ва кишварҳои минтақа номида шуд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ 16.05.2019

Май 16, 2019 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд