Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Нарухито барқия ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Нарухито барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Бо камоли сарфарозӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон Шуморо дар робита ба сари тахти Императори Япония нишастанатон самимона табрику таҳният мегӯям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Япония яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад.
Изҳори итминон менамоям, ки дар давраи ҳукмронии Шумо тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии кишварҳои мо ба пояҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳад шуд. Мо аз ҷониби худ барои тақвият бахшидан ба равобити ҳасанаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ҳамаи талошҳоро хоҳем кард.
Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комил ва дар фаъолияти минбаъдаатон дастовардҳои рӯзафзун, барои кишвари дӯсти Япония ва мардуми он рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзумандам».








Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






