Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронковро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот маҷмуъи масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон бо ташкилоти бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тавсеаву таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо СММ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои амниятӣ ва омилҳои ба суботи минтақа таъсиррасон, аз қабили терроризму маблағгузории он, ҷинояткории муташаккил ва шакли нав гирифтани фаъолияти гуруҳҳои террористиро муҳокима карда, таъкид доштанд, ки барои аз байн бурдани онҳо талошҳои муштарак ва пурзур кардани ниҳодҳои мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир талаб карда мешавад.
Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва экстремизмро маҳкум карда, ҷонибдори амалисозии ҳар чи зудтари “Нақшаи муштараки татбиқи Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм дар Осиёи Марказӣ” ва “Нақшаи амалиёти Дабири кулли СММ оид ба огоҳсозии экстремизми зуровар” мебошад.
Ҷонибҳо барои муқовимат бо вабои аср, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ, аз қабили ДОИШ дар қисми шимолии Афғонистон андешидани тадбирҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумурданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






