Раиси шаҳри Душанбе Барномаеро тасдиқ намуд, ки дар инкишофи неруи зеҳнии омӯзгорони пойтахт нақши муҳим хоҳад дошт

Май 28, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 28.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Барномаи мазкур бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Бояд гуфт, ки системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.

Ба иттилои манбаъ, тибқи нақшаи чорабиниҳои заминагардидаи барнома, дар ин давра баргузор намудани мизҳои мудаввар вобаста ба мақсад, вазифаҳо ва дурнамои рушди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, машғулиятҳои  омӯзишӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони хориҷӣ, инчунин ташкили чунин ҷамъомадҳо оид ба усулҳои истифодабарии технологияи нави иттилоотию таълимӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

«Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе амалигардонии барномаи мазкурро ҳамасола дар доираи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус, грантҳо, хайрияҳо ва сарпарастон барои соҳаи маориф пешбинишуда таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар шашмоҳа ҳисобот пешниҳод намояд», — омадааст дар қарори Раиси шаҳри Душанбе.

Метавон гуфт, ки амалисозии Барнома ба такмил додани системаи амалкунандаи такмили ихтисос, бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, ташкили низоми ягонаи такмили ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва татбиқи шаклҳои гуногуни баландбардории малакаи касбии кормандони соҳаи маорифи пойтахт мусоидат хоҳад кард.

Май 28, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд