Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Май 21, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар шаҳри Бишкек дар доираи иштирок дар ҷаласаи  сайёри  Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Достон Ҷумабеков мулоқот намуд.

Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» аз  маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Шукурҷон Зуҳуров барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи  сайёри  Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Раиси парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори сипос намуда, натиҷаи самараноки онро омили муҳими тақвияти ҳамкории байни Тоҷикистону Қирғизистон Қирғизистон арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки дар шароити кунунӣ ва рушди босуботи ҷаҳон муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар  ҳамаи соҳаҳои барои ҳарду ҷониб афзалиятнок заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

«Дар мулоқот  дар мавзӯъҳои вазъи минтақа ва  ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла  таҳкими амну субот ва атрофи  масъалаҳои  сарҳадӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Махсус таъкид гардид, ки комиссияи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистонро зарур аст, ки дар баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ корро пурзӯр ва ҳарчи зудтар шартномаи байнидавлатиро  дар ин самт омода намуда, ба имзо расонанд», -илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 90 санади ҳамкорӣ мавҷуд буда, гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ низ фаъолият доранд.

Май 21, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд