Шукурҷон Зуҳуров бо Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ масъалаҳои гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҷонибҳо аз вазъи робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ёдовар шуда, хоҳони густариши ҳамкорӣ дар самти захираҳои энергетикӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ шуданд.
Зикр шуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Солҳои охир ҳарду мамлакат дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, обу энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб судманд ҳамкории хуб ба роҳ мондаанд.
«Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунии Афғонистон зикр намуд, ки ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмӣ на танҳо барои мардуми азияткашидаи ин кишвар, балки барои кулли минтақа басо муҳим аст», — илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳ ва рушди иқтисодии Афғонистон ҳамеша ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории муштарак даъват намуда, дар навбати худ омодагии мамлакатро дар ин самт баён медоранд.
«Салоҳиддин Раббонӣ изҳор дошт, ки мо дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таъмини сулҳу амният дар мамлакати худ қадр менамоем. Бисёр хушнуд ҳастем, ки ин мамлакати дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳамкории муштарак даъват менамояд», — гуфт М.Султонов.
Ёдовар мешавем, ки Салоҳиддин Раббонӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли 2019 дар Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






