Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 20 май дар шаҳри Бишкек доир гардид, бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон гуфт: «Дар миёни таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ, терроризму экстремизми байналмилалӣ дар минтақаи назорати шартномаи дастаҷамъона яке аз хатарҳои мубрами рӯзро ба миён овардааст, бинобар ин Қирғизистон хостори тавсеаи ҳарчи бештари муносибот бо мамлакатҳои узви Ассамблеяи Парламентии СААД дар ҳамаи арсаҳо мебошад».
Ба иттилои манбаъ, Сооронбой Жеенбеков ба баргузории кори ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баҳои баланд дод.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон инчунин оид ба мубориза бар зидди терроризми баӣналмилалӣ ва хавфи хатарҳои он дар доираи таъмини амниятии созмони мазкур сухан карда, зикр намуд, ки ин ҳамоиш метавонад барои пайдо намудани роҳҳои нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб замина гузорад.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






