«Таҳкими масъалаҳои оиладорӣ дар замони ҷаҳонишавӣ». Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ин мавзӯъро баррасӣ намуданд

Май 16, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»  дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши  илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Таҳкими масъалаҳои оиладорӣ дар замони ҷаҳонишавӣ»  доир гардид.

Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, олимону  мутахассисон, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва  намояндагони воситаҳои ахбори омма  иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши  мазкур тарғиби суннатҳои неки оиладорӣ,  беҳтарин арзишҳои оиладорӣ ва талқини онҳо ба насли ҷавону ояндасози миллат дар ҷаҳони муосир мебошад.

 Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷамъомадро  бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирок расонид.

Тавре гуфта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои усутувор мегузорад.

Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Тазаккур дода шуд, ки оила дар ташаккули инсон аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дошта, нахустин заминаи иҷтимоии шахс маҳсуб мешавад. Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад.   Соли оила эълон шудани соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат  тасдиқи гуфтаҳои болост. Ҳадафи аслии  ин иқдом, албатта, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзои оила равона шудааст. Зеро оила ҷузъи хурдтарини давлат буда, чӣ қадаре мустаҳкам бошад, ҳамон қадар давлат устувор мегардад ва имкониятҳои он дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқасоси  демократӣ зиёд мешавад.

Иштирокдорони ҳамоиш  дар мавзӯъҳои «Мушкилот ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ дар оила», «Аҳамияти донишҳои антропологӣ дар оила», «Арзёбии ҷабҳаҳои иқтисодии оила ва оиладорӣ», «Нақши оила дар муқобили буҳронҳои маънавӣ»,  «Оилаи солим- асоси давлат» ва ғайра бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Сипас  миёни  иштирокдорони ҳамоиш доир ба  мавзӯъҳои  матраҳшуда суолу ҷавоб сурат гирифт.

Май 16, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд