ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 май, панҷшанбе, 122-юмин рӯзи соли 2019 аст

Май 2, 2019 08:00

2 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба пардохти кумакпулии яквақта ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 Амр имзо намуданд.

***

5  сол пеш, 2 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Маҷаллаи дипломатии «Diplomatishes Magazin»-и Ҷумҳурии Федеративии Германия (ҶФГ)   дар шумораи моҳи май дар бораи ташаббусҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маълумоти мусаввар   нашр намуд.

2 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Мянма – Рӯзи деҳқонон.

 РӮЙДОДҲО:

2 майи соли 2001 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 11-уми Шӯрои вазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.

***

2 майи соли 2014 дар шаҳри Минск ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларусу Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.

***

5 сол пеш, 2  майи соли 2014 бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Шӯрои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии «Чолишҳои нав дар соҳаи озодии ВАО дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

2 майи соли 1933 дар Германия фаъолияти ҳамаи иттифоқҳои касаба қатъ карда шуд.

***

2 майи соли 2018 Котиби вақти Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Вазири давлатии корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашшир Ҷовид Акбар масъалаи вобаста ба таъмини амнияти ду кишвар-Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1925 дар Сан-Франсиско калонтарин ҳавзи шиноварӣ дар таърихи ҷаҳон ифтитоҳ гардид,  ки 305 метр дарозӣ, 46 метр паҳноӣ, ва то 4,26 метр чуқурӣ дошт.

***

Соли 1949 аввалин маротиба дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз майдони «Динамо» гузориши телевизионии бозии футбол сурат гирифт.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 2, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст