ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, чоршанбе, 128-умин рӯзи соли 2019 аст

Май 8, 2019 08:00

8 майи соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

***

5 сол пеш, 8 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Россия ва Қирғизистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар робита ба таҷлили 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони роҳбарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқияҳои табрикотӣ ирсол намуданд.

8 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рузи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли аҳмар.

***

Рӯзи кормандони Хадамоти федералӣ оид ба ҳамкории ҳарбӣ – техникии Россия.

 РӮЙДОДҲО:

 8 майи соли 2009 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра ҳуҷҷатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми обёрии шаҳрҳои ҷанубии Тоҷикистон» ба имзо расиданд.

  ***

8 майи соли 2012  аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»-ро баррасӣ карданд.

***

5 сол пеш, 8 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии чумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии давраи панҷуми лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» баргузор гардид.

***

8 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа, махсусан чавонон зиёда аз 300 килограмм маводи мухаддир сӯзонида шуд.

***

72 сол муқаддам, 8 майи соли 1947 Франсия аз ҳайати Фонди байналмилалии асъор баромад.

***

8 майи соли 1960 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Куба муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар Душанбе масоили муҳими рушди ҳамкории Тоҷикистону Корея муҳокима гардиданд.

***

Соли 1954 Конфедератсияи футболи Осиё таъсис дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 8, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, якшанбе, 252-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, шанбе, 251-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, панҷшанбе, 249-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, душанбе, 246-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, якшанбе, 245-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст