Аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президентро ҷонибдорӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз бист масъалаи муҳими фарогири ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, мавриди баррасии аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон қарор гирифт.
Аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳолати ҷангӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намуани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» , «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон, Зафар Файзуллозода, Фарҳод Раҳимӣ ва Раҳмоналӣ Амирзода масъалаҳои баррасигардидаро тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки ҳадафи қонунҳои баррасишуда пеш аз ҳама ба такмили қонунгузорӣ, мутобиқ намудани онҳо ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии мамлакат, тақвияти волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими амният ва субот дар кишвар, рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа нигаронида шудаанд.
Ҳамзамон, аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, бо инобати хулосаи пешниҳодгардидаи Кумитаи дахлдори Маҷлиси миллӣ бинобар сабаби мухолиф будани баъзе меъёрҳои он ба дигар кодексу қонунҳои амалкунанда бе ҷонибдорӣ барои такмил баргардониданд.
Дар иҷлосия ҳамчунин аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани судяҳо Аҳтам Акрамов ва Шавкат Лутфуллозодаро қабул намуданд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Хисрав Давлатзода, Маҳмад Раҳмонзода ва Рухшона Ҳаким судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Дар анҷоми иҷлосияи нуздаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат аъзои Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, Наргис Раҳмонова, Раҳмоналӣ Амирзода ва Фарҳод Раҳимӣ бо мақсади саҳми босазо гузоштан дар таҳкими ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо медал ва Ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шуданд.












Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






