Аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президентро ҷонибдорӣ намуданд

Июнь 12, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 12.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз бист масъалаи муҳими фарогири ҳаёти сиёсию иқтисодӣ  ва иҷтимоию фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати  панҷум,  ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид,  мавриди баррасии аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон қарор гирифт.

Аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба  Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи ҳолати ҷангӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи ворид  намудани  тағйирот ба Кодекси  мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани  тағйироту илова  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани тағйиру  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  милитсия», «Оид ба ворид намуани  тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» , «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон, Зафар Файзуллозода, Фарҳод Раҳимӣ ва Раҳмоналӣ Амирзода  масъалаҳои баррасигардидаро тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки ҳадафи қонунҳои баррасишуда пеш аз ҳама ба такмили қонунгузорӣ, мутобиқ намудани  онҳо ба  Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии мамлакат,  тақвияти  волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими амният ва субот дар кишвар,  рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа нигаронида шудаанд.

Ҳамзамон, аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, бо инобати хулосаи пешниҳодгардидаи Кумитаи дахлдори Маҷлиси миллӣ бинобар сабаби мухолиф будани баъзе меъёрҳои он ба дигар кодексу қонунҳои амалкунанда бе ҷонибдорӣ барои такмил баргардониданд.

Дар иҷлосия ҳамчунин аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бозхонд намудани судяҳо  Аҳтам Акрамов  ва Шавкат Лутфуллозодаро  қабул намуданд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шавкат Лутфуллозода муовини якуми  Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Хисрав Давлатзода, Маҳмад Раҳмонзода  ва Рухшона Ҳаким судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Дар анҷоми иҷлосияи нуздаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат аъзои Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода,  Наргис  Раҳмонова, Раҳмоналӣ Амирзода ва Фарҳод Раҳимӣ бо мақсади  саҳми босазо гузоштан дар таҳкими ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  бо медал ва Ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шуданд.

Июнь 12, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад