Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи истеҳсоли трактори шаҳри Минск боздид намуданд

Июнь 29, 2019 17:57

ДУШАНБЕ, 29.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли трактор шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии корхона намунаи муосиртарин техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Корхонаи истеҳсоли тракторҳо муаррифӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тракторҳои корхона омодагии Тоҷикистонро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои дигар, афзоиши истеҳсоли трактор, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар ва судовар барои ҳар ду ҷониб, изҳор доштанд.

Бунёди чунин корхонаҳои муштарак дар оянда метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, таъмини хоҷагиҳои мамлакат бо техникаи кишоварзӣ, амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.

Таъсиси Корхонаи бастубанди тракторҳо ва Маркази хизматрасонии техникаҳои кишоварзӣ «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко намунаи беҳтарини ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус мебошад.

Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин техникаҳои гуногунҳаҷми борбардору боркаши сохтмонӣ ва мусофирбари Корхонаи истеҳсоли мошинҳои «МАЗ»-и Ҷумҳурии Беларус муаррифӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти корхонаҳои истеҳсоли мошин даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои калони гидроэнергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, иқтидору имконоти худро дар бозори Тоҷикистон муаррифӣ намоянд.
Боздид аз Корхонаи истеҳсоли трактори шаҳри Минск 29.06.2019

Июнь 29, 2019 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид