Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «Маҷмааи об» бунёд мегардад

Июнь 15, 2019 12:06

ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ барои таҳияи  беҳтарин лоиҳаи «Маҷмааи об»  дар пойтахт аз 1 июн то 20 сентябри  соли 2019  озмуни кушод эълон менамояд. «Маҷмааи об»  дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бунёд мегардад.  Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   маҷмааи мазкур  бахшида ба  ташаббуси Тоҷикистон -«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028»  бунёд  мегардад. Тибқи иттилои манбаъ, озмун озод буда, дар як давр  сурат  мегирад. Барои ғолиби ҷои аввали озмун 30 ҳазор сомонӣ,  ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи  сеюм 15 ҳазор сомонӣ  мукофот  муқаррар гардидааст.

Тибқи қарори дахлдори  Раиси шаҳр аъзои  Комиссияи озмун аз намояндагони мақомоти дахлдор, аз ҷумла  беҳтарин муҳаққиқони соҳаи меъморӣ ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  иборат буда, раисии ин Комиссияро Рустами Эмомалӣ бар душ дорад.

Тибқи қарори мазкур Раиси шаҳр масъулинро вазифадор  намудааст, ки  озмуни кушодро дар муҳлати  муқарраршуда амалӣ гардонанд. Ҳамчунин аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шудааст, ки  ҷиҳати ҷалби беҳтарин  меъморони ватанию хориҷӣ ба  озмуни мазкур  мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардид. Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» аз 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии об) оғоз гардида, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан, соли 2003 бо ташаббуси Тоҷикистон соли оби тоза ва инчунин Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардида буд. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул намуд.

Июнь 15, 2019 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст