ДУШАНБЕ ҒАРҚИ ГУЛ ШУДААСТ! Дар бораи он ки пойтахти Тоҷикистон дар арафаи баргузории саммити МҲТБО чӣ тавр симои худро тағйир дод — суратгузориши хабарнигорони махсуси АМИТ «Ховар»

Июнь 14, 2019 11:11

ДУШАНБЕ, 14.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе охирин  корҳои омодагӣ ба баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба анҷом расиданд. Барои иштирок дар ин саммит, ки пагоҳ,  15 июн доир мешавад, сарони 27 давлат ва ҳукумати кишварҳои гуногуни олам ба Душанбе меоянд. Дар бораи он, ки пойтахти Тоҷикистон дар арафаи ин ҳамоиш чӣ гуна дигаргун шуд, хабарнигорони махсуси АМИТ «Ховар» гузориш медиҳанд.

Дирӯз, 13 июн ташрифи меҳмонони воломақом ҷиҳати иштирок дар саммити 5-уми МҲТБО оғоз гардид. Дар робита ба ин  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба низоми фаъолияти шабонарӯзӣ пардохтанд. Онҳо  то 16 июн ҳаракати нақлиёт  дар маҳалҳои баргузории чорабинӣ ва ҷойи зисти ҳайатҳои давлатҳоро таҳти назорат ва ҳимоят қарор медиҳанд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 14-15 июн   дар кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ,  А. Рӯдакӣ,  И. Сомонӣ ва Н. Ганҷавии шаҳри Душанбе ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз автобусу троллейбусҳо дар соатҳои муайян маҳдуд карда мешавад. Ин маҳдудият бо мақсади таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар рӯзҳои баргузории  саммити  Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҷорӣ  мешавад.

«Дар ин робита аз сокинону меҳмонони пойтахт  эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусу троллейбусҳо,   ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бошанд аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд», -илова намуд манбаъ.

Кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ  ронандагонро  огоҳ месозанд, ки дар ин шабонарӯз фарҳанги идора кардани воситаҳои нақлиётро риоя намуда, мошинҳои худро дар кӯчаҳои марказӣ нагузоранд.

Мусаллам аст, ки пойтахти Тоҷикистон симои худро дар остонаи баргузории саммит  ба таври чашмрас  тағйир додааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиши навбатии сатҳи байналмилалӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе идона ороста шудааст. Ба ин хотир дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш омода ва насб гардидааст.

Барои омодасозии лоиҳаи тайёрии пойтахт ба баргузории саммит таҳти роҳбариии муовини Раиси шаҳри Душанбе гурӯҳи кории махсус таъсис дода шуд. Ба ин гурӯҳ ороишгарон, меъморон ва гулпарварони машҳури  тоҷик шомил гардиданд.   Лоиҳаи тарҳрезии дизайн бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба тасвиб расид.

Дар маҷмӯъ дар пойтахт қабл аз баргузории саммит зиёда аз 9 миллиону 400 ҳазор бех  гулҳои гуногун шинонида шуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи гулҳо дар парваришгоҳҳои шаҳрӣ сабзонида шудаанд.

Тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо гулдаставу гулсабадҳо   ороста шудаанд.   Душанбе ҳоло ғарқи гул гаштааст! Қад — қади роҳҳои хиёбонҳои шаҳр «дархтони гул» ва кӯзаву гулҳо гузошта шудаанд. Дар майдони марказии пойтахт, рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олӣ «Муҷассамаи гул» гузошта шудааст, ки он аз ду кафи даст, ки рамзи МҲТБО аст, иборат аст.

Аз тарафи хадамотҳои шаҳрӣ дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва ороишӣ анҷом дода шудаанд. Хусусан шабҳангом дурахши шуои чароғони фурӯзон болои ин гулзорҳои  шаҳр ба пойтахт шукӯҳу шаҳомати хосса мебахшад.

Дар даромадгоҳи «Кохи Наврӯз», ки чорабиниҳои асосӣ он ҷо мегузарад, ҳамчунин муҷтамаи гулҳои ороишӣ ороста шуда, парчамҳои давлатии кишварҳои иштирокчии Машварат парафшонӣ менамоянд.

Дар қабати дуюми кохи мазкур маркази матбуотӣ ташкил карда шудааст, ки он бо тамоми таҷҳизоти зарурии техникӣ барои инъикоси саммит муҷаҳҳаз гардидааст.

 

Пайрав ҚОСИМ,
Акрамхоҷа АКБАР,
Марзия САИДЗОДА,
И
бодат ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИДЗОДА (акс),
хабарнигорони махсуси АМИТ «Ховар»,
ки дар инъикоси саммити МҲТБО номнавис шудаанд

Июнь 14, 2019 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» ҷамъбаст шуд
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор нафар кумакҳои пулию моддӣ расонида шуданд
Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мегарданд
«НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Ба шарафи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир шуд
DUSHANBE.TRAVEL. Портали сайёҳии шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд
«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» доир карда мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот намуданд
Дар Душанбе шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар 20 фоиз зиёд карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «80 фоизи таълимгирандагони таълимоти ғайриқонунии диниро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд»
Рустами Эмомалӣ: «Корҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ бояд тақвият дода шаванд»