ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО

Июнь 18, 2019 18:50

ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 15 июни соли равон дар шаҳри Душанбе панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гардид, ки натиҷаҳояш дар Эъломияи саммити Душанбегии аз ҷониби иштирокдорон қабулгардида дарҷ ёфтаанд. Тарҷумаи ғайрирасмии матни пурраи Эъломияро пешкаш менамоем.

Мо, Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО),

бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 июни соли 2019 дар панҷумин саммити МҲТБО барои баррасии мушкилоти мавҷуда, нав ва баамалоянда, ки боиси нигаронии умумии давлатҳои аъзо мегарданд, бо мақсади таҳияи тадбирҳо ва ташаббусҳои ҷавобӣ дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омада;

Бо баланд арзёбӣ намудани нақши шахсии Пешвои миллат ва Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н.А.Назарбоев ҳамчун асосгузори МҲТБО, бо изҳори миннатдории амиқ барои саҳми назаррасаш дар рушди МҲТБО ва бо истиқболи иштироки минбаъдаи фаъолонаи Н.А.Назарбоев дар таҳкими иқтидори МҲТБО ва талошҳои умумӣ оид ба таъмини сулҳ, амният ва ҳамгироӣ дар Осиё;

Бо бори дигар тасдиқ намудани ҷонибдориамон ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии умумиэътироф ва бо риояи ҳадафҳо ва принсипҳои МҲТБО, ки дар Эъломияи принсипҳои танзимкунандаи муносибатҳои байни давлатҳои аъзои МҲТБО аз 14 сентябри соли 1999 ва дар Санади Алмаатоӣ аз 4 июни соли 2002 замима гардидаанд;

Бо таъкиди муҳимияти амнияти умумӣ, маҷмӯӣ, бар ҳамкорӣ асосёфта, устувор, тақсимнопазир ва баробарро, ки ба ҳамдигарфаҳмии ягонаи айни замон бадастомада такя мекунад ва бо эътирофи зарурати рушди муколамаи меъмории амнияти минтақавиро, ки бояд кушода, шаффоф, фарогир, таҳаввулотӣ ва бар принсипҳои умумиэътирофи ҳуқуқи байналмилалӣ асосёфта бошад ва фазое фароҳам орад, ки дар он ҳамаи давлатҳо ҳамзистии осоишта дошта бошанд ва халқҳои онҳо дар шароити озоду осоишта ва пешрафта зиндагӣ намоянд;

Бо дарназардошти мавҷуд будани манфиатҳои муштарак ва мушкилоти умумӣ байни давлатҳои аъзо ва зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкории мавҷуда;

Бо дарки он, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъавӣ дучор мегардад;

Бо дарназардошти он, ки давлатҳои аъзо бояд ҳамраъйи нишон диҳанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар Осиё ва ҷаҳон бар асоси муколама ва ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО ва уҳдадории умумӣ дар масоили байналмилаливу минтақавӣ ва бо дарназардошти боигарии гуногунии фарҳангӣ кӯшишҳо ба харҷ диҳанд;

Бо эътирофи он, ки ҳамкории байналмилалӣ василаи муҳим ва муассиртари ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад;

Бо таъкиди зарурати таҳкими ҳамкории созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва форумҳо дар Осиё ва берун аз он, бо мусоидати истиқрори робитаҳо ва пешбурди ҳамгироии МҲТБО ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва форумҳо оид ба масоили мавриди таваҷҷуҳ;

Бо дарназардошти қарор дар бораи таҳкими раванди МҲТБО ва татбиқи минбаъдаи тадбирҳои боварӣ, инчунин дар бораи бар асоси муколама ва ҳамкории фарогир ва амиқ бунёд намудани минтақаи мураттаб рушдёбанда, ки дар он сулҳу шукуфоии пойдор хоҳад буд;

ИЗҲОР МЕДОРЕМ:

1. Мо эътироф менамоем, ки дар Осиё ва ҷаҳон тағйироти мураккабу душвор ба амал меоянд. Мо ҷонибдориамонро ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳову принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии умумиэътироф тасдиқ намуда, дар бораи ҳадафҳо ва принсипҳои МҲТБО, ки дар Эъломияи принсипҳои танзимкунандаи муносибатҳои байни давлатҳои аъзои МҲТБО аз соли 1999 ва дар Санади Алмаатоӣ аз 2002 замима гардидаанд, ёдовар мешавем ва бори дигар таъкид месозем, ки ҳамкорӣ дар минтақаи МҲТБО бар эҳтироми принсипҳои баробарии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолияти сиёсӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, ҳамзистии осоишта, фоидаи мутақобила, даст кашидан аз таҳдид ё истифодаи қувва нисбат ба тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии ҳар давлат ё бо ҳар ҳадафи дигар, ки хилофи принсипҳо ё ҳадафҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, асос меёбад.

2. Мо ҷонибдориамонро ба ҳамгироии муассири гуногунҷанба бо дарназардошти нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти универсалии бисёрҷониба, ки бар дӯши он вазифаҳо оид ба пуштибонии сулҳу амнияти байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дӯстона байни давлатҳо, пешбурди рушди устувор ва истиқрори ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти байналмилалии дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон вогузор шудаанд, тасдиқ менамоем. Мо раванди идомаёбандаи ислоҳоти низоми СММ-ро, ки ба баланд бардоштани қобилияти вокуниш нишон додани он ба чолишҳои замони муосир равона гардидаанд, ҷонибдорӣ менамоем.

3. Мо принсипи дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ё хориҷии давлатҳоро комилан тарафдорӣ менамоем. Мо тасдиқ мекунем, ки ягон давлат ё гурӯҳи давлатҳо ҳуқуқ надорад бевосита ва ё бавосита бо кадом сабабе, ки набошад, ба корҳои дохилӣ ё хориҷии ягон давлати дигар, аз ҷумла бо мақсади тағйири ҳукумати қонунӣ дахолат кунад ва инчунин ҳар давлат ҳуқуқ дорад, ки мустақилона низоми сиёсии худро муайян намояд.

4. Мо тасдиқ мекунем, ки дар замони ҳамалоқамандӣ ва ҳамбастагии ҷаҳонишуда амният мафҳуми васеъ гаштааст ва давлатҳои минтақа дар фароҳам овардани муҳити устувор, ки ба сулҳу амният мусоидат мекунад, ҳавасмандии умумӣ доранд. Мо бояд ба амнияти умумӣ, маҷмӯӣ, устувор ва бар ҳамкорӣ асосёфта талош варзем, рушду шукуфоиро бар асоси тавофуқоти ягонаи айни замон бадастомада таъмин намоем, инчунин фазои амниятро фароҳам оварем ва шарикии созандаро, ки ба интизориҳои давлатҳои аъзо мутобиқ буда, бар тарафдории принсипҳои эътимоди мутақобила, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории байни давлатҳои аъзо асос ёфтааст, ба роҳ монем.

5. Мутобиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалӣ, мо муҳимияти ҷонибдории умумиамонро ба пойдорӣ ва таҳкими сулҳу субот, таъмини ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳо бе истифода аз қувва ва ё таҳдидҳо бавоситаи қувва, инчунин таъмини амният ва озодии киштигардӣ ва робитаи ҳавоӣ тасдиқ менамоем.

6. МҲТБО ҳамчун механизми бисёрҷонибаи муҳими ҳамкорӣ дар минтақа бояд муколама ва ҳамкории ҳамаҷонибаро таҳким бахшад ва ҳамчунин дар пешбурди амният ва рушди умумии баробар ва ҷудонопазир, ки бар тавофуқоти ягонаи айни замон бадастомада дар Осиё асос ёфтааст, нақши бузург гузорад. Мо мусоидат ба ташаккули намунаи ҳамаҷонибаи намояндагӣ, одилона ва устувори муносибатҳои байналмилалӣ, таъмиқи тадбирҳои боварӣ, гузаронидани машварат, таҳкими талоши муштарак ба манфиати фоидаи умумӣ, инчунин рушди муколамаи меъмории амнияти минтақавиро, ки бояд кушода, фарогир ва бар принсипҳои умумиэътирофи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид асосёфта бошад, идома медиҳем. Мо ҳамчунин ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ки бар эҳтироми тарафайн, баробарҳуқуқӣ, адолат ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфтаанд ва ҳамчунин ба ташаккули ҷомеаи ягонаи тақдири инсоният мусоидат менамоем.

7. Мо изҳори нигаронии амиқ менамоем, ки низоъҳо таҳдид ба сулҳ, амният ва рушдро идома медиҳанд. Мо бори дигар мавқеамонро оид ба зарурати ҳалли бетаъхири низоъҳо бар асоси Оинномаи СММ, меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин қарору санадҳои дахлдор, ки дар санадҳои ҷамъбастии қаблии МҲТБО дарҷ гардидааст, тасдиқ менамоем.

8. Мо дар робита ба таҳдидҳои амниятӣ, ки аз экстремизм ва терроризм дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроташон бармеоянд, изҳори нигаронии амиқ намуда, амалҳои террористиро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла ҳамлаҳои охири дар Ҷумҳурии Демократии Шри-Ланка ва дигар давлатҳои аъзои МҲТБО рухдодаро бегуфтугӯ маҳкум менамоем. Мо ба оилаҳои осебдидагон изҳори таслият ва ҳамдардӣ менамоем. Мо таъкид менамоем, ки тамоми амалҳои терроризм чӣ гунае, дар куҷое ва аз ҷониби касе содир нашуда бошанд, кирдори нобахшиданӣ мебошанд. Мо бори дигар тарафдории қатъии худро ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм тасдиқ намуда, давлатҳоро ба таҳияи стратегияи маҷмӯии мубориза бар зидди терроризм, аз ҷумла тавассути бартараф кардани шароите, ки ба паҳншавии терроризм мусоидат мекунанд, бастани роҳҳои маблағгузорӣ, пешгирии фаъолияти ҷалбнамоӣ ва ҳаракати фаросарҳадии террористон, муқовимат ба экстремизм, радикализм ва паҳншавии идеологияи террористӣ, муқовимат ба истифодаи Интернет бо мақсадҳои террористӣ ва нест кардани маконҳое, ки ҳамчун паноҳгоҳи террористон истифода мешаванд, таъмини идораи сазовор, рушди иқтисод ва ҳалли мусолиҳатомези низоъҳои ҳалношудаи давомдор, даъват менамоем. Мо нақши пешбари давлатҳо ва мақомоти салоҳиятдори онҳоро дар пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф мекунем. Мо аз тамоми давлатҳо даъват ба амал меорем, ки талошҳои худро бар зидди таҳдидҳои террористӣ бар асоси ҳуқуқҳои байналмилалӣ ва Оинномаи СММ мутаҳҳид созанд.

9. Мо Кодекси амал барои ноил шудан ба сулҳ, озодӣ аз терроризмро, ки 28 сентябри соли 2018 дар иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, ишора менамоем.
Мо тамоми шаклҳои тарғибу ташвиқи идеологияи терроризм, экстремизм, сепаратизм ва таҳаммулнопазирии динӣ, инчунин табъиз бар асоси дин ва эътиқодро маҳкум менамоем. Мо қабули қатъномаи иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Маърифат ва таҳаммулпазирии динӣ» истикқбол мекунем.

10. Мо таъкид месозем, ки раванди сулҳу оштӣ дар Афғонистон бояд фарогири ризоияти афғонҳо ва марбут ба афғонҳо бошад. Мо эътироф менамоем, ки терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амният ва субот дар Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунанд. Мо ҳамаи давлатҳои аъзоро даъват мекунем, ки бар зидди терроризм, экстремизм ва истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон, ки заминаи молиявиро барои террористони маҳаллӣ ва байналмилалӣ фароҳам меорад, муборизаи муштарак баранд. Зарур аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистон дар мубориза бар зидди истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва пешбурди имкониятҳои алтернативии ба даст овардани маблағ барои рӯзгор кумак расонад ва барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо, инчунин истеъмолу талаботи онҳо дар саросари ҷаҳон тадбирҳои зарурӣ андешад.

11. Дар робита ба ин, мо баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Афғонистонро дар мавзӯи «Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамбастагии минтақавӣ», ки 27 марти соли 2018 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд, ба инобат гирифта, натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизмро, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баланд арёбӣ менамоем, ки барои ҳамкории бисёрҷониба дар ин самтҳо майдонҳо муҳим гардиданд. Мо ҳамчунин ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба ташкили Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардид, мусбат арзёбӣ менамоем.

12. Мо уҳдадории ҳамаи давлатҳоро ҷиҳати иҷрои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳову принсипҳои байналмилалии умумиэътироф ҳангоми иҷрои қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ менамоем. Мо чунин мешуморем, ки ҳама гуна сиёсатикунонии низоми таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ низоми таҳримии мазкур ва принсипу ҳадафҳои Оинномаи СММ-ро халалдор месозад. Дар ин росто, бо дарназардошти Оинномаи СММ ва меъёрҳову принсипҳои байналмилалии умумиэътироф, мо ҳама гуна фишори ғайриқонунии сиёсиву иқтисодӣ ба дилхоҳ давлати аъзо, бахусус ба онҳое, ки халқҳояшон аз оқибатҳои манфии чораҳои якҷонибаи иҷборӣ дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ азият мекашанд, инкор мекунем. Нисбат ба давлатҳои аъзо, мо тарафдориро ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла роҳ надодан ба истифодаи масуниятии ҳуқуқҳои миллӣ дар вайрон кардани принсипҳои ҳуқуқҳои байналмилалӣ тасдиқ менамоем.

13. Мо бори дигар нақши марказии СММ-ро дар муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм ва экстремизм тасдиқ мекунем. Мо ҷонибдори принсипҳои дар Эъломияи МҲТБО оид ба нест кардани терроризм ва мусоидат ба муколамаи тамаддунҳо дар соли 2002 замимагардида боқӣ монда, муҳиммияти идомаи таҳияи нақшаи амали МҲТБО-ро барои татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ ишора менамоем.

14. Мо таъкид менамоем, ки сепаратизм ба соҳибихтиёрӣ, ваҳдат, тамомияти арзӣ, амният ва суботи давлат таҳдид мекунад. Мо ҳеҷ яке аз ҳаракатҳо ва сохторҳои сепаратистиро дар қаламрави дигар давлати аъзо дастгирӣ нахоҳем кард. Мо ҳамчунин қатъиян тасдиқ менамоем, ки ҳудудҳои мо аз ҷониби ҳеҷ яке аз ҳаракату сохторҳои сепаратистӣ истифода намешаванд ва мо бо онҳо ягон робита барқарор нахоҳем кард.

15. Бо дарки таҳдидҳои афзоянда, ки ҷиноткории муташаккили фаромиллӣ ба амният ва шукуфоии минтақа дорад, инчунин бо дарназардошти дар баъзе ҳолатҳо миёни терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва экстремизм мавҷуд будани робита, мо мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллии дахлдор зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои молиявӣ, аз ҷумла пулшӯӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии арзишҳои фарҳангӣ, қочоқи аслиҳа дар ҳама шаклҳо ва ҷанбаҳо, инчунин коррупсия тасдиқ мекунем ва ба он изҳори омодагӣ менамоем. Бо нигаронӣ ба ҷиддияти мушкилот ва таҳдидҳое, ки аз коррупсия нисбат ба суботу амнияти ҷомеа бар меоянд ва ниҳодҳову арзишҳои демократӣ, арзишҳои ахлоқӣ, адолат, рушди устувор ва тартибот халал мерасонанд, мо давлатҳои аъзоро ба пешбурду таҳкими тадбирҳое, ки ба муборизаи муассир ва амалӣ бо ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии онҳо, аз ҷумла тавассути баланд бардоштани шаффофият, ростқавлӣ, вафодорӣ, масъулият ва самаранокии бахши ҷамъяитӣ ва хусусӣ нигаронида шудаанд, ва мусоидат ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт даъват менамоем.

16. Мо аз он нигаронем, ки шумораи назрраси одамон иҷборан тарки ҷои зисти худ мекунанд ва ин боиси бавуҷудомадани чолишҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла барои кишварҳои қабулкунанда ва ҷомеаҳо мегардад, дар ин росто, мо зарурати ҳамкории байналмилалии фаъолтар ва расонидани кумакҳоро эътироф менамоем.

17. Вазъият дар Шарқи Наздик ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад ва мо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ба иҷрои қатъномаи СММ бо мақсади расидан ба сулҳ, амният ва субот дар ин минтақа даъват менамоем. Мо ҳамчунин барқарор намудани музокиротро доир ба раванди сулҳ дар Шарқи Наздик ҷиҳати дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, қатъномаҳои дахлдори СММ ва ташаббуси сулҳонаи Арабӣ ноил шудан ба қарор дар бораи таъсиси ду давлати соҳибихтиёр, ки канори ҳам дар осоиштагӣ, субот ва амният бошанд, зарур мешуморем. Мо ҷонибдори ҳуқуқи фаластиниҳо барои таъсиси давлати комилан соҳибистиқлол ва соҳибихтиёри Фаластин дар сарҳадҳои ба ҳолати то 4 июни соли 1967 бо пойтахт дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ буда, нақши таърихии Шоҳигарии Ҳошимии Урдунро ҳамчун муҳофизи ҷойҳои муқаддас дар шаҳри муқаддаси Байтулмуқаддас қатъиян тасдиқ мекунем. Мо қотеъона зидди ҳама гуна қарори якҷониба, ки боиси тағйироти статус-квои шаҳри муқаддаси Байтулмуқаддас мегардад, баромад мекунем. Мо аз вазъи кунунии молиявии Агентии СММ оид ба Шарқи Наздик дар самти расонидани кумак ба гурезаҳои фаластинӣ ва ташкили корҳо (БАПОР) ҳамоно ҷиддӣ нигарон мебошем ва нақши муҳими онро дар фароҳам овардани хизматрасониҳои заминавӣ ва бетаъхир ба гурезагони фаластинӣ тасдиқ менамоем. Мо ҳамаи давлатҳоро ба зиёд намудани аъзоҳаққӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нав ва воситаҳои ба роҳ мондани ҳамкории амалиро бо БАПОР мутобиқи муҳлати он, ки аз ҷониби СММ дода мешавад, даъват менамоем [1].

18. Мо дастгирии тағйирнопазирамонро ба Нақшаи чорабиниҳои муштараки фарогир (НЧМФ), ки дастоварди муҳими дипломатияи бисёрҷониба ба шумор рафта, бо қатъномаи 2231-и Шӯрои Амнияти СММ соли 2015 якдилона маъқул дониста шудааст, тасдиқ намуда, таъкид менамоем, ки НЧМФ самаранокии худро собит сохта, дар айни замон алтернативаи беҳтари худро надорад ва ҳамчунин аз ҷониби Эрон пурра иҷро гардидани уҳдадориҳояш дар соҳаи ҳастаӣ, ки борҳо аз ҷониби Агентии байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ (АБНҲ, МАГАТЭ) тасдиқ гардидааст, истиқбол намуда, ҳамаи тарафҳои дигарро ба иҷрои пурраи уҳдадориҳояшон, ки аз НЧМФ ва қатънмоаи 2231-и Шӯрои Амнияти СММ бармеоянд, даъват мекунем, то ҳадафҳои умумие, ки ба бастани созишнома сабаб шудаанд, ба таври муқаррарӣ саривақт ба даст оварда шаванд.

19. Бо дарназардошти банди 13-и Санади Алмаатоӣ, чунин мешуморем, ки бетаъхир ба тасвиб расидани Протоколи Шартнома дар бораи минтақаи аз силоҳи ҳастаӣ озод дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҳамаи давлатҳое, ки Протоколро ба имзо расонидаанд, ба амнияти минтақавӣ ва таҳкими низоми ҷаҳонии манъи силоҳи ҳастаӣ ба таври назаррас мусоидат хоҳад намуд. Мо таъсиси минтақаи аз силоҳи ҳастаӣ ва дигар анвои силоҳи қатли ом озодро дар Шарқи Наздик бар асоси тавофуқоти ихтиёран бадастомада байни давлатҳои манфиатдори минтақаи мазкур тарафдорӣ мекунем. Мо ҳамчунин мақоми бидуни ҳастаии Муғулистонро дастгирӣ менамоем.

20. Мутмаинем, ки дар самти манъи силоҳи ҳастаӣ, беяроқгардонӣ ва назорати яроқнокшавӣ якҷо фаъолият ва бо тамоми шарикон ҳамкорӣ намуда, мо ба таъмини ҷаҳони нисбатан амнтар саҳми босазои худро мегузорем. Мо тамоми давлатҳоро ба иҷрои уҳдадориҳояшон дар соҳаи беяроқкунӣ ва манъи силоҳ даъват мекунем. Давлатҳои аъзои МҲТБО, ки давлатҳои иштирокдори Шартномаи оид ба паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ (ШПСҲ) ба шумор мераванд, ҷонибдории худро ба ҳифз ва таҳкими хусусияти универсалӣ, самаранокӣ ва нуфузи ШПСҲ, инчунин ба пешбурди се ҷузъи калидии ШПСҲ ба таври фарогир ва муътадил барои таъмини муваффақияти Конфронси соли 2020 оид ба баррасии фаъолияти ШПСҲ тасдиқ менамоянд.

21. Мо ҳуқуқи ҷудонопазири тамоми давлатҳои аъзоро дар рушд ва истифодаи неруи ҳастаӣ бо мақсадҳои осоишта, аз ҷумла чархаи миллии сӯзишворӣ барои истеҳсоли қувваи барқро ҳангоми риояи дахлдори уҳдадориҳо оид ба паҳн накардан ва уҳдадориҳои аз созишномаҳое, онҳо тарафҳояшон мебошанд, аз ҷумла созишномаҳо оид ба кафолати АБНҲ –ро пуштибонӣ мекунем.

22. Мо нигаронии худро оид ба дурнамои ҷойгиркунии силоҳ дар кайҳон ва яроқноккунии бошитоб дар фазои кайҳонӣ зикр менамоем. Мо эътироф мекунем, ки гуфтушунидҳо дар бораи бастани созишномаҳои байналмилалӣ ё созишномаҳо оид ба пешгирӣ кардани яроқноккунии бошитоб дар фазои кайҳонӣ мавзӯи муҳими рӯзномаи Конфронс оид ба беяроқкунӣ боқӣ мемонанд. Мо лоиҳаи Шартнома оид ба пешгирии ҷойгиркунии силоҳ дар фазои кайҳонӣ ва истифода ё таҳдиди истифодаи қувва нисбат ба объектҳои кайҳонӣ ва шакли навшудаи он дар соли 2014-ро, ки соли 2008 дар Конфронс оид ба беяроқгардонӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия пешниҳод шуда буд, зикр мекунем. Мо таъкид менамоем, ки Конфронс оид ба беяроқгардонӣ ҳамчун форуми ягонаи бисёрҷониба барои гуфтушунидҳо оид ба беяроқгардонӣ дар музокирот оид ба созишномаҳои бисёрҷониба ё дар ҳолати зарурӣ, созишномаҳо оид ба пешгирии яроқнокгардонии бошитоб дар фазои кайҳонӣ дар тамоми ҷанбаҳои он нақши муҳим мебозанд. Мо муҳокимаи тадбирҳои амалии минбаъдаро оид ба пешгирӣ кардани яроқнокгардонии бошитоб дар фазои кайҳонии аз ҷониби Гурӯҳи коршиносони ҳукуматии СММ, ки ба он баррасӣ ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба унсурҳои пурмазмуни санади байналмилалии ҳуқуқан уҳдадоркунанда оид ба пешгирии яроқнокгардонии бошитоб дар фазои кайҳон, аз ҷумла, дар байни дигарон, оид пешгирӣ аз ҷойгиркунии силоҳ дар фазои кайҳон вогузор шуда буд, солҳои 2018-2019 гузаронида шуда буд, истиқбол менамоем.

23. Мо тасдиқ мекунем, ки паҳнкунӣ ва расонидани силоҳ ва воситаҳои кимиёвӣ ва биологӣ ба амният ва сулҳи байналмилалӣ хатар эҷод мекунад, ва аз ҳамаи давлатҳои иштирокдор даъват менамоем, ки уҳдадориҳои худро дар соҳаи беяроқгардонӣ ва паҳн накардани он иҷро намоянд. Дар робита бо ин, пешгирӣ намудани кӯшишҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ҷинояткорро дар гирифтани яроқ ва воситаҳои кимиёвӣ, биологӣ ва радиологӣ ва дастрасӣ ба маводҳои марбут ба онҳо масъалаи ҳаётан муҳим мебошад. Кӯшишҳои ҳамаҷониба оид ба кам кардани ин таҳдид бояд ба харҷ дода шаванд. Давлатҳои иштирокдор, ки тарафҳои Конвенсия оид ба манъи коркард, истеҳсол ва ҷамъоварии захираҳои силоҳи бактереологӣ (биологӣ) ва токсинӣ ва барои нобуд кардани онҳо мебошанд, ҷонибдории худро барои таҳкими КЯБТ тасдиқ мекунанд. Мо ташаббуси марбут ба гуфтушунидҳои бисёрҷонибаи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубозира бо санадҳои терроризми кимиёвӣ ва биологиро ба инобат мегирем.

24. Мо чунин мешуморем, ки таъмини рушду шукуфоии фарогир ва устувори иқтисодӣ, инчунин аз байн бурдани камбизоатӣ ва бесаводӣ яке аз тадбирҳои муассир дар самти бартараф намудани муҳити ёридиҳандаи терроризм ва экстремизм ба шумор мераванд. Мо зарурати идома додани муколамаи минтақавӣ ва субминтақавӣ, таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба ва андешидани тадбирҳоро ҷиҳати мусоидат ба рушди устувор, ҳамкории иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум таъкид мекунем. Мо ба осонгардонии дастрасӣ ба бозор, роҳ надодан ба табъиз дар савдо, зиёд кардани маблағгузории миллӣ ва байналмилалии хоҷагии қишлоқ, ташаккули бозорҳои маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини дастрасии мустақими истеҳсолкунанда ва рушди минтақаҳои деҳот; пешбурди истеҳсолоти устувори хоҷагии қишлоқ ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ пурзӯр барои ҳама, бахусус дар Осиё, даъват мекунем.

25. Мо таъкид мекунем, ки дар ягон ҳолат одамон аз воситаҳои хусусии худ барои ҳаёт ва пешравӣ маҳрум шуда наметавонанд ва дар робита ба ин зикр менамоем, ки ҳеҷ тадбирҳои ғайриқонунии маҳдуде набояд ба муқобили давлатҳои аъзо бо дарназардошти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳову принсипҳои ҳуқуқии байналмилалии умумиэътирофи марбут ба соҳибихтиёрии давлатҳои аъзо ва дахолат накардан ба корхои дохилии онҳо кишварҳои иштирокдор ҷорӣ карда шаванд.

26. Мо тасдиқ мекунем, ки амнияти энергетикӣ, аз ҷумла амнияти талаботу пешниҳод ба рушди устувор дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин ба некуаҳволии одамон дар тамоми кишварҳо таъсир мерасонад. Мо саҳми давлатҳои аъзоро дар таъмини амнияти энергетикӣ баланд арзёбӣ мекунем. Мо иқтидори мавҷудаи захираҳои гуногуни энергетикиро дар минтақаи МҲБТО, бо дарназардошти манбаъҳои барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ бехатари энергияро эътироф мекунем. Бо дарназардошти вобастагии уҳдадориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои дахлдор, мо ҳамкориамонро дар самти коркард ва ҷорӣ намудани технологияҳо бо сатҳи пасти партовҳо ва технологияҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, интиқоли таҷрибаву технология аз кишварҳои махсусан мутараққӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққиро ҳамаҷониба ҳавасманд мегардонем.

27. Мо аҳамияти муҳими шарикии ҷаҳониро дар самти ҷалби захираҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро эътироф мекунем.

28. Густурда ҷорӣ намудан ва истифодаи технологияҳои пешрафтаи коркарди сӯзишвории истихроҷӣ бо сатҳи пасти партовҳо ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин боло бурдани самаранокии энергетикӣ дар мубориза бар зидди тағйироти иқлим ва ба хотири расидан Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳафтум аҳамияти ҳалкунанда доранд. Иштироки давлатҳои аъзо дар майдонҳо ва механизмҳои гуногуни ҳамкорӣ, инчунин кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи онҳо оид ба паст кардани хароҷоти молиявӣ ба технология ва ҷалби сармоя барои нисбатан густурда ҷорӣ намудани технологияи энергетикии муосир ҳавасманд карда мешавад.

29. Мо ҳамаи ташаббусҳои давлатҳои аъзоро оид ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт, молия, нақлиёт ва савдо, дар фазои ҷуғрофии МҲБТО дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба мутобиқи ҳадафҳову принсипҳое, ки дар Эъломияи принсипҳои танзимкунандаи муносибатҳои байни давлатҳои аъзои МҲТБО аз 14 сентябри соли 1999 замима шудаанд, истиқбол менамоем.

30. Мо омодагии худро ба ҳамкорӣ дар самти таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, инчунин беҳдошт барои ҳама бо мақсади расидан ба Ҳадафҳову вазифаҳои дахлдори рушди устувори марбут ба захираҳои обӣ тасдиқ менамоем.

31. Мо бо истинод ба қатъномаи 71/222 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 кӯшишҳоро дар самти баргузории «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки барои муколама ва мубодилаи иттилоот, таҷрибаву малакаи пешрафта шароит фароҳам оварда, барои расидан ба ҳадафҳову вазифаҳо дар самти рушди устувори марбут ба захираҳои обӣ воситаи муҳим мебошад, истиқбол мекунем.

32. Мо муҳимияти иқтисоди ҷаҳони бозро, ки ба ҳамаи кишварҳо ва халқҳо имкони иштирок дар раванди тақсимоти неъматҳои ҷаҳонишавӣ медиҳад, таъкид намуда, қатъиян тарафдори низоми ҳамаҷонибаи савдои бар қоидаҳо, шаффофият, нотабъизӣ, кушода ва фарогир асосёфта, ки бо дарназардошти раванди ислоҳоти он атрофи СУС бунёд шудааст, боқӣ мемонем ва қотъона муқобили ҳама гуна шаклҳои протексионизм мебошем.

33. Мо таъкид менамоем, ки талошҳои муштарак оид ба рушди ҳамбастагии минтақавӣ, махсусан низомҳои ҳамгироишуда ва рақобатпазири ҳамлу нақл ба истифодаи самараноктари имкониятҳои тиҷоратӣ миёни давлатҳои аъзо мусоидат намуда, ба ҳамкории нақлиётиву ҳамлу нақли минтақавию байналмилалӣ, ки ба ҳадафҳои рушди устувори иқтисодӣ ба таври зарурӣ хизмат мекунад, такон мебахшад.

34. Мо гуногунии фарҳангҳоро ҳамчун захираи арзишманди МҲТБО мешуморем. Мутмаинем, ки гуногунии фарҳанг, инчунин мероси фарҳангӣ боигарие мебошанд, ки бояд аз тарафи ҳамаи халқҳо ҳамчун омили сулҳ ва рушд ҳифз гарданд. Мо ҷонибдори пешбурди муколамаи васеъ оид ба фарҳанг, тамаддун ва эътиқоди динӣ; ҳавасмандгардонии инклюзивӣ, омӯзиши мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ; истифодаи тарфаҳои пурқуввати якдигар барои пешрафти умумӣ ва пешбурди ҳамбастагии минтақавӣ тавассути алоқа миёни одамон мебошем.Мо ҳуқуқи якдигарро барои интихоби озод ва рушди системаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ эҳтиром менамоем. Дар ин робита мо баргузории Форуми Қазон оид ба муколамаи байнифарҳангҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия, 4-7 сентябри соли 2018, Анҷумани шашуми пешвоёни динҳои анъанавӣ ва ҷаҳонӣ дар шаҳри Нур-Султон (Остона), Ҷумҳурии Қазоқистон, 10-11 октябри соли 2018, ярмаркаи байналмилалии солонаи ҳунармандӣ «Сураҷкунд» дар Иёлати Харяна, Ҳиндустон, панҷумин Форуми ҷаҳонӣ оид ба муколамаи байнифарҳангҳо дар шаҳри Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон, 2-3 майи соли 2019 ва Конфронси «Муколамаи тамаддунҳои Осиё» дар шаҳри Пекин, Ҷумҳурии Мардумии Чин, 15-22 майи соли 2019-ро, ки дар муколама ва мубодила байни тамаддунҳо дар минтақа саҳми назаррас гузоштанд, истиқбол менамоем.

35. Мо ба тавофуқ расидем, ки имкони ташкили чорабиниҳои дахлдори МҲТБО-ро барои намояндагони парлумон, донишгоҳҳо, доираҳои илмӣ, институтҳои тадқиқотӣ, бизнес-инкубаторҳо, ҷавонон, ҳунармандон, гурӯҳҳои фарҳангӣ, институтҳои бойгонӣ, мактабҳо, китобхонаҳо ва ҷомеаи воситаҳои ахбори омма дар доираи майдонҳое ба монанди Форуми ғайриҳукуматӣ, Шӯрои корӣ ва Шӯрои ҷавонони МҲТБО бо мақсади тавсеа бахшидани алоқа миёни одамон дар зинаҳои гуногун дида бароем. Дар робита ба ин, мо баргузории Конфронси сеюми Шӯрои ҷавонони МҲТБО-ро дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, 13-14 апрели соли 2018 ҷонибдорӣ менамоем.

36. Мо зарурати рушди сайёҳиро, аз ҷумла, ба воситаи эҳёи анъанаҳои чандинасраи Роҳи абрешими қадим, ки таҳкими муносибатҳои байни халқҳоро муттаҳид ва мусоидат мекунад, таъкид менамоем. Дар робита ба ин, мо баргузории сеюмин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиёнро дар шаҳри Чолпан–Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон, 2-8 сентябри соли 2018 ҷонбидорӣ менамоем. Мо баргузории чорабинии МҲТБО-ро таҳти унвони «Сохтмони пулҳо дар Осиё» дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, 28-29 сентябри соли 2017 бо мақсади пешбурди ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ бо роҳи мубодилаи иттилоот ва ҳамгироӣ миёни агентиҳои масъули рушди сайёҳӣ истиқбол менамоем.

37. Мо муҳиммияти таҳкими ҳамкорӣ, шарикӣ ва робитаҳои хориҷиро миёни МҲТБО ва дигар ташкилоту форумҳои минтақавию байналмилалӣ таъкид менамоем. Дар робита ба ин, Котиботи МҲТБО-ро даъват менамоем, ки кӯшишҳои худро дар самти ба роҳ мондани муносибатҳо дар сатҳи институтсионалӣ бо ташкилоту форумҳои минтақавию байналмилалӣ идома диҳад.

38. Мо кӯшишҳои кишварҳои ҳамоҳангсоз ва ҳамҳамоҳангсозро оид ба рушди ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои гуногуни тадбирҳои боварӣ истиқбол менамоем. Мо принсипҳои иштироки ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқ, расидан ба консенсус ва пешрафти батадриҷ, гузаронидани муколама ва машваратҳоро риоя менамоем; болои ба таҳкими минбаъдаи раванди МҲТБО кор мекунем; ва МҲТБО-ро дар кӯшишҳояш барои бозидани нақши муҳим дар Осиё дастгирӣ мекунем. Дар робита ба ин, мо қабули Ёддошти МҲТБО-ро оид ба ҳамгироӣ дар самти соҳибкории хурду миёна ҷонибдорӣ менамоем.

39. Бо дарназардошти натиҷаҳои Форуми МҲТБО, ки 7-8 декабри соли 2018 дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, мо давлатҳои аъзои МҲТБО-ро даъват менамоем, ки ҳамкории амалии ба оянда нигаронидашударо пеш баранд ва чорабиниҳову ҳамгироии молиявии дахлдорро дар минтақаи МҲТБО роҳандозӣ намоянд.

40. Мо фаъолияти Котиботи МҲТБО-ро дар самти рушди Форум қадрдонӣ намуда, таҳкими минбаъдаи Котиботро, ки ба баланд бардоштани самаранокии иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда равона мебошад, дастгирӣ менамоем. Мо ҳамаи давлатҳои аъзои МҲБТО-ро даъват кунем, ки имкони мунтазам ворид намудани аъзоҳакии ихтиёриро ба буҷаи Котибот баррасӣ намоянд.

41. Мо пешниҳоди Ҷумҳурии Қазоқистонро ҷиҳати омӯзиши имкони ташкили фонд барои гузаронидани тадқиқот ва банақшагирӣ, маблағгузории лоиҳаҳо, барномаҳо ва дигар фаъолияти МҲТБО, ки дастаҷамъона аз ҷониби давлатҳои аъзо ва ба таври ихтиёрӣ мувофиқа мешаванд, ба инобат мегирем.

42. Мо давлатҳои аъзоро, ки то ҳол ин корро анҷом надодаанд, даъват менамоем, ки Созишнома оид ба Котиботи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ҳарчи зудтар ба тасвиб расонанд.

43. Мо инчунин аз давлатҳои аъзо, ки то ҳол ин амалро ба анҷом надодаанд, даъват менамоем, ки Конвенсия оид ба бартариҳо ва имтиёзҳои Котибот, ҳайати кормандони он ва намояндагони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба тавсиб ва имзо расонанд.

44. Мо ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланкаро ҳамчун узви нави МҲТБО пазироӣ менамоем.

45. Мо корҳоеро, ки аз ҷониби раёсаткунандагони қаблӣ — Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расонида шудаанд, баланд арзёбӣ мекунем.

46. Аз лаҳзаи қабули Раёсат дар МҲТБО моҳи майи соли 2014 Чин дар пешбурди раванди МҲТБО, мусоидат ба таҳкими институтсионалии МҲТБО, қабул ва татбиқи тадбирҳои боварӣ нақши муҳим бозид.

47. Мо қабули Раёсатро дар МҲТБО дар соли 2018 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, мутмаинем, ки Тоҷикистон дар ҳамгироии зич бо дигар давлатҳои аъзо ва нозир барои дар доираи МҲТБО баланд бардоштани ҳамкорӣ ва рушди он ба сатҳи баландтар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Дар робита ба ин, мо ба он мусоидати дахлдор хоҳем расонд.

48. Мо ба тавофуқ расидем, ки шашумин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии МҲТБО-ро дар соли 2020 ва шашумин саммити МҲТБО-ро дар соли 2022 баргузор намоем.

49. Мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани панҷумин саммити МҲТБО изҳори миннатдорӣ менамоем.

[1] Исроил ба бандҳои 17, 18 ва 19 зид баромад.

ш. Душанбе, 15 июни соли 2019

Июнь 18, 2019 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»