Кӯдакони маҳаллаи ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ соҳиби майдончаи варзишию фароғатӣ шуданд
ХОРУҒ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои кӯдакону наврасон майдончаи муосири варзишию фароғатӣ бунёд гардид. Дар паҳлуи майдончаи мазкур бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ боз як майдончаи варзишӣ барои ҷавонон сохта мешавад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, майдончаи мазкур бо ташаббуси Раёсати молияи ВМКБ сохта шуда, бунёди чунин майдончаҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ин маврид сокини маҳаллаи мазкур Оинамоҳ Рустамова гуфт, ки аз бунёди чунин майдончаи барои бозию истироҳати кӯдакон мувофиқ на танҳо хурдсолону наврасон, балки волидон ва хурду бузурги маҳалла хушҳол гардиданд. Зеро майдончаи мазкур дар миёни чор бинои чорошёнаи истиқоматӣ ҷойгир шудааст ва дар ҳар кадоми ин бино аз 15 то 30 кӯдак иқомат мекунанд.
Акнун бачаҳо вақти худро беҳуда сарф накарда, дар ин макон ба бозиҳои варзишӣ машғул мешаванду зери назорати калонсолон мемонанд.
Барои бачаҳои ин маҳалла хусусан дар ин рӯзҳо, ки таътили тобистона фаро мерасад, мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи мазкур айни муддао гардид. Акнун онҳо дар ин макон бо ҳамсолони худ ҳар гуна бозиҳои варзишӣ машғул шуда, таътили тобистонаро ҷолибу хотирмон мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди майдончаҳои варзишӣ, роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар иншооти таъйиноти гуногун идома доранд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






