Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Июнь 15, 2019 11:47

ДУШАНБЕ, 15.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи муносибатҳои ҳасанаи тарафайн дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва шарикии дарозмуддат ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки натиҷаҳои ин мулоқот барои таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, фаъолияти дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон, баргузории Бизнес-Форуми Тоҷикистону Туркия, ки метавонанд ба рушди ҳамкории байни сармоягузорон ва соҳибкорони ду кишвар мусоидат намоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳо дар соҳаи нақлиёту боркашонӣ, бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг табодули андеша карда, ҳавасмандии худро барои амалӣ кардани онҳо иброз доштанд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таъмини амну субот дар кишварҳои ҷангзадаи минтақа ва ҷаҳон, ҳалли қазияи Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризму эктсремизм, муҳокима карда шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган 15.06.2019

Июнь 15, 2019 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд