Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии «Таҷзияи ҳокимият ва Суди конститутсионӣ» дар Муғулистон иштирок ва маърӯза намуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Таҷзияи ҳокимият ва Суди конститутсионӣ»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон конференсияи байналмилалӣ доир гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода иштирок ва маърӯза намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Даврон Ҳошимзода иттилоъ дод, дар кори конференсияи сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Суди конститутсионии Муғулистон ва Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо доир гардид, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Булғористон, Иттиҳодияи Мянма, Қирғизистон, Латвия, ӯзбекистон, Шоҳигарии Таиланд, Хорватия, Федератсияи Россия, Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо, намояндагони ҳокимияти судии Муғулистон ва олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Дар кори конференсия мавзӯъҳои мухталифи марбут ба конститутсионализм, нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, нақши адолати судии конститутсионӣ дар амалишавии арзишҳои конститутсионӣ, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таҳкими демократия, таҷрибаи назорати судии конститутсионӣ дар давлатҳои мухталиф ва дигар мавзӯъҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ муҳокима гардид.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода дар мавзӯи «Назорати судии конститутсионӣ ва принсипи таҷзияи ҳокимият дар Тоҷикистон» маърӯза намуд. Номбурда зимни маърӯза оид ба саҳми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду таҳкими ҳокимияти судӣ дар мамлакат ва татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки дар радифи дигар масъалаҳо такмили Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро низ пешбинӣ намудааст, ибрози андеша кард.
Ҳамчунин ба ҳозирин дар бораи нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии принсипи таҷзияи ҳокимият, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими падидаҳои демократӣ, аҳамияти иҷрои қарорҳои мақомоти назорати конститутсионӣ дар рушди конститутсионализм ва татбиқи муқаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пешниҳод карда шуд.










Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






