Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии «Таҷзияи ҳокимият ва Суди конститутсионӣ» дар Муғулистон иштирок ва маърӯза намуд

Июнь 11, 2019 17:31

ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Таҷзияи ҳокимият ва Суди конститутсионӣ»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон конференсияи байнал­ми­лалӣ доир гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Судяи Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошим­зода иштирок ва маърӯза намуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Даврон Ҳошим­зода иттилоъ дод, дар кори конференсияи сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаб­буси Суди конститутсионии Муғулистон ва Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо доир гардид, намоян­дагони мақомоти назо­рати консти­­тут­­сионии киш­вар­ҳои мухталифи ҷаҳон ва созмон­ҳои бону­фузи бай­нал­ми­лалӣ, аз қабили Булғористон, Иттиҳодияи Мянма, Қирғи­зистон, Латвия, ӯзбекистон, Шоҳигарии Таиланд, Хорватия, Федератсияи Россия, Комис­сияи Венет­сиа­нии Шӯрои Аврупо, намояндагони ҳокимияти судии Муғулистон ва олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок намуданд.

Дар кори конференсия мавзӯъҳои мухта­лифи марбут ба конститут­сиона­лизм, нақши Суди конститут­сионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳимояи ҳуқуқҳои конститут­сионии инсон ва шаҳрванд, нақши адолати судии консти­тут­сионӣ дар амали­шавии арзишҳои конститутсионӣ, прин­сипи таҷ­зияи ҳокимияти давлатӣ, таҳкими демок­ра­тия, таҷрибаи назо­рати судии консти­тут­сио­нӣ дар давлатҳои мухталиф ва дигар мавзӯъҳои муб­рами соҳаи ҳуқуқ муҳо­кима гардид.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода дар мавзӯи «Назорати судии  конститут­сио­­нӣ ва принсипи таҷзияи ҳокимият дар Тоҷикистон» маърӯза намуд. Номбурда зимни маърӯза оид ба саҳми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду таҳкими ҳокимияти судӣ дар мамлакат ва татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки дар радифи дигар масъалаҳо такмили Қонуни конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кистон»-ро низ пешбинӣ намудааст, ибрози андеша кард.

Ҳамчунин ба ҳозирин дар бораи нақши Суди консти­тут­сионӣ дар таъмини волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, амали­созии принсипи таҷ­зияи ҳокимият, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими падида­ҳои демок­ратӣ, аҳамияти иҷрои қарорҳои мақо­моти назорати конститутсионӣ дар рушди конститут­сио­нализм ва татбиқи муқаррароти Конститутсияи кишвар маълумот пеш­ниҳод карда шуд.

Июнь 11, 2019 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид