Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 14, 2019 18:24

ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси кишвари бародар ва ҳаммарз ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо бар онем, ки таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари ба мо дӯсту ҳамҷавори Афғонистон, қабл аз ҳама, дар доираи манфиатҳои милливу давлатии он сурат гирад, — изҳор дошт Сарвари давлат.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои рушди бахши тиҷорат, сармоягузории мутақобила, истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Афғонистон, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, инфрасохтор, соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ, иттилоотро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ метавонад барои расидан ба ҳадафҳои судманди ду кишвар нақши муҳим бозад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамкорӣ дар бахши амният дар марзи давлатии ду кишвар, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамчун омили муҳими таъмини амну субот дар минтақа мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ 14.06.2019

Июнь 14, 2019 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон