Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Маркази савдо ва хизматрасонии «Абубакр»-ро ифтитоҳ карданд

Июнь 24, 2019 14:12

ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Маркази савдо ва хизматрасонии «Абубакр»-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Амонов бунёд шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар ин Маркази хизматрасонӣ ҳамчунин сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона ташкил карда шудаанд.

Бо ифтитоҳи он дар баробари таъмини 11 нафар аз сокини ноҳия бо ҷойи корӣ доимӣ ҳамзамон имкон фароҳам гардид, ки аҳолӣ маводи мавриди ниёзи аввалро аз ин маркази хизматрасонӣ харидорӣ намоянд.

Тибқи нақша дар таҳхонаи ин маркази хизматрасонӣ оянда фурӯши масолеҳи сохтмонӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Дар ошёнаи сеюм бошад, маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар назар аст.

Бунёди Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод соли 2015 оғоз шуда, дар рафти корҳои сохтмонии он даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкорӣ маҳаллӣ баҳои баланд дода, барои анҷом додани чунин иқдомҳои созанда ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Дар навбати худ соҳибкор Муртазо Амонов иброз дошт, ки дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳибкорони ватанӣ кӯшиш бар он менамояд, ки оянда низ дар пешрафту ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор бошад.

Бинои Маркази савдо ва хизматрасонӣ бо санъати баланди миллию меъморӣ бунёд шуда, ба маркази ноҳияи Нуробод-шаҳраки Дарбанд зебогии тоза зам намуд, ки нишона аз татбиқи амалии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.

Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Абубакр” дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод 24.06.2019

Июнь 24, 2019 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд