Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Июнь 10, 2019 11:19

ДУШАНБЕ, 10.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати пирузии устувораш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон сидқан табрику муборакбодӣ намуда, ба ӯ комгорӣ ва фаъолияти самарбахшро дар ин маснади сермасъули давлатӣ орзу намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ масири рушди бомуваффақиятро касб кардаанд, мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои идомаи муколамаи эътимодбахшу шаффофи байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.

Дар ин зимн масъалаҳои саммити қарибулвуқӯи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе мавзӯи суҳбати сарони ду давлат қарор дошт.

 

Июнь 10, 2019 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон