Профессор Абдураҳмон Муҳаммад: «Тоҷикистон сиёсати хориҷии сулҳомез, башардӯстона ва пайвандгароро пеш мебарад»

Июнь 13, 2019 09:57

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, 14-15 июни соли равон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои МҲТБО баргузор мешавад. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо  ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки идеяи созмон додани Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё кай пайдо шуд ва то имрӯз кадом кишварҳо раисии онро бар зимма доштанд?

Абдураҳмон Муҳаммад: Идеяи  ташкили додани ин созмони минтақавӣ  (МҲТБО) моҳи  октябри соли  1992  пайдо гардидааст. Дар он то  имрӯз 27 кишвари ҷаҳон аъзо буда, 5 созмони  минтақавӣ ва 8 давлати  дигар ҳамчун нозир иштирок мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аст, ки  дар  иҷлоси МҲТБО  раисӣ мекунад. Раёсати Машварати мазкурро    аз соли  2002 то 2019  кишварҳои  Қазоқистон, Туркия ва Чин ба уҳда доштанд. Акнун  ҷумҳурии  мо раёсати ин созмони бонуфузи минтақавиро  то соли 2020 ба зимма   гирифтааст.

АМИТ «Ховар»: Дар ҳамоишҳои қаблии МҲТБО чӣ гуна санадҳо қабул шудаанд?

Абдураҳмон Муҳаммад: Дар ҳамоиши якуми Алмаато ҳуҷҷати МҲТБО ҳамчун Ойиннома ва санади дигар Эъломия  оид ба  бартарафсозии  терроризм ва пешбурди муколама байни тамаддунҳо қабул  шуда буданд.

Ҳамоиши дуюми МҲТБО соли 2006 низ дар Алмаато баргузор гардид ва  давлати Корея ҳамчун узви   ҳаштумини  он   қабул карда шуд.  Эъломияи  ҳамоиши дуюм —  инъикоси  умумии давлатҳои аъзои масъалаҳои асосии  амният ва ҳамкорӣ дар Осиё мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Соли 2010 ҳамоиши сеюми  ин  машварат дар Истанбул баргузор гардид. Хусусияти он дар сатҳи олӣ  аз он иборат буд, ки роҳбарони давлатҳо  ва шумораи зиёди кишварҳо  ва ташкилотҳои нозир дар ин чорабинӣ иштирок доштанд. Дар он  Эъломияи «Бунёди якҷояи  ҳамкорӣ ва амният дар Осиё» қабул гардид.

Ҳамоиши  чоруми МҲТБО соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид. Дар ин  ҳамоиш  кишварҳои   Бангладеш ва Қатар ҳамчун аъзои нави  ин  машварат  қабул гардиданд. Инчунин дар он Эъломияи «Тавсеаи муколама, эътимод ва ҳамоҳангӣ  бо номи Осиё, субот ва ҳамкорӣ» қабул карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Ҳамоиши дарпешистодаи  Душанбе барои кишварҳои аъзои Машварат, аз ҷумла барои рушди минтақаи Осиё чӣ гуна заминаҳоро фароҳам меорад?

Абдураҳмон Муҳаммад: Ҳамоиши сатҳи олии  Душанбе давоми кӯшишҳои кишварҳои  аъзои МҲТБО мебошад ва яқинан барои баррасӣ ва ҳалли  масъалаҳои ҳалталабе, ки дар назди давлатҳои Осиё мавҷуданд, заминаи  хуби ҳамкориро фароҳам  хоҳад овард.

Бояд тазаккур дод, ки  ҳамоиши   дарпешистодаи  Душанбе   барои  аъзои ин Машварат дар  раванди  мустаҳкам намудани боварӣ,  рушду инкишофи минтақаи Осиё, амнияти минтақа ва  гуфтугӯи байни тамаддунҳо  такони ҷиддӣ ба миён хоҳад  овард.

Саммити Душанберо метавон марҳалаи муҳим номид, зеро он фурсати муносибро ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳим, аз қабили амниятии марбут ба ҳавзаи кишварҳои Қитъаи Осиёро  фароҳам меоварад.

АМИТ «Ховар»: Солҳои охир Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф гардидааст. Шаҳри Душанбе бошад ба як маркази  бузурги  ҳамоҳангсозии ҳамкории муштарак бар зидди  хавфу хатар ва  таҳдидҳои  нави ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба андешаи шумо, иқдомҳои нав ба нави созандаи Тоҷикистон бо кадом мақсад роҳандозӣ мешаванд?

Абдураҳмон Муҳаммад: Имрӯз  пойтахти Ҷумҳурии  Тоҷикистони азизи мо-шаҳри Душанбе бо таровату зебоиҳои  нотакрори шаҳрдорӣ дар қалби Осиё ба маркази баргузории чорабиниҳои сатҳӣ ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст, ки ин барои шинохт ва муаррифии  миллат, давлат ва фарҳанги волои  кишварамон хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон кишвари мо   ба  як  маркази  бузурги  ҳамоҳангсозии ҳамкории  муштарак  бар зидди  хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахш  ва  оромии минтақа аҳамияти бузурги сиёсӣ дорад.

Баргузории ин чорабинии  сатҳи байналмилалии сатҳои олӣ бидуни шак ба ибтикору талошҳои зиёди  бунёдгузори сиёсати хориҷии  Тоҷикистони  соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад.

Дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои  чашмрас ноил гардид. Роҳбарияти Тоҷикистон тавонист бо татбиқи Консепсияи сиёсати  хориҷии «дарҳои боз» бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон робитаҳои баробарҳуқуқии дӯстона ва шарикона барқарор намуда,  дар муддати кутоҳи таърихӣ ҷойгоҳи устувори байналмилалии худро ба даст оварад.  Тоҷикистон  сиёсати хориҷии сулҳомез, башардӯстона ва пайвандгароро  пеш бурда, ба  арзишҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эҳтиром мегузорад.

Ташаббусҳои наҷиби минтақавӣ ва байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар масъалаҳои глобалии марбут ба об, таъмини башарият бо оби тоза, мубориза бо терроризму экстремизм, таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби СММ ҷонибдорӣ гардидаанд.

Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ пайваста баҳри таҳкими муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мушкилоту  таҳдидҳои  глобалӣ ташаббус нишон медиҳад.

Яке аз чунин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор намудани  чорабинии сатҳи баланд оид ба «Муқовимат бо терроризм  ва ифротгароии  хушунатомез» буд, ки ки моҳи майи соли равон доир шуд. Дар ин ҳамоиши бузург зиёда аз якуним ҳазор  меҳмонон, олимон ва пажӯҳигарони кишварҳои ҷаҳон ширкат  варзиданд.

Ба андешаи мо, айни замон  иқдомҳои нав ба нави созанда дар фаъолиятҳои Президенти мамлакатамон мувофиқтарин сиёсат барои оромӣ ва пешрафти ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамоишу конференсияҳои байналмилалӣ ва дигар гуфтугӯҳои сатҳи ҷаҳонӣ нишони чунин амали неку созанда буда, обрӯ ва эътибори миллату давлати моро меафзояд.

Итминон дорем, ки ҳамоиши  роҳбарони  кишварҳои  аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё низ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир мегардад. Он проблемаву мушкилоте, ки имрӯз бисёр аз кишварҳои қораи Осиё аз онҳо азият мекашанд, аз қабили терроризму ифротгароӣ, низоъҳои мазҳабӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷурмҳои ҷаҳони муосир мавриди муҳокимаи аъзои Машварат қарор дода мешаванд.

Июнь 13, 2019 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»