МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Меҳргон иди ҳосилғундорӣ ва ҷамъоварии самараи кори кишоварзон аст. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллӣ дар мамлакатамон таҷлил карда мешавад. Гузаштагони мо онро ҳамчун ҷашни шукуҳманди ҳосилғундорӣ таҷлил мекарданд.
АМИТ «Ховар» ба муносибати ҷашни Меҳргон иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд:
— Ҷашну ойинҳои аҷдодӣ, аз ҷумла Меҳргон моро на танҳо бо тамаддуни чандинҳазорсолаи миллатамон пайванд медиҳанд, балки дар замони муосир мардуми мо, бахусус, наврасону ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ раҳнамоӣ месозанд.Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Меҳргон, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
***
Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз бузургтарин ҷашнест, ки омилу заминаҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ онро то ба замони мо расонидаанд.
***
Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд.
***
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро пайдо кардем, ба онҳо чун ҷузъи арзишҳои миллии хеш умри дубора бахшидем, расман ба қонунгузории мамлакат ворид сохтем ва имрӯз дар саросари Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил менамоем.
***
Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашни деҳқонон буда, айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзию боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум ба ҳисоб меравад.
***
Деҳқонони асил дар фасли зебои тирамоҳ ҳосили бо заҳмат рӯёнидаашонро ҷамъоварӣ ва барои фасли зимистон захира мекунанд. Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст.Ман солҳои зиёд инҷониб дар бораи захира кардани маводи ғизоӣ дар ҳар як оила барои на камтар аз ду сол таъкид менамоям.Ин масъала бо дарназардошти торафт ноорому бесубот гардидани авзои сайёра, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо солҳои охир боз ҳам муҳимму мубрам шуда истодааст.
***
Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз бузургтарин ҷашнест, ки омилу заминаҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ онро то ба замони мо расонидаанд.
***
Меҳргон таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум мебошад.
***
Ҷашну ойинҳои миллии аз ниёгони некноми мо бамеросмонда оммаҳои мардумро ба сулҳу субот ва оромию осоиш даъват мекунанд.
***
Меҳргонро шоирони бузурги мо ҳам ба сифати ҷашни мардумӣ ва ҳам ойини хусравонӣ тавсиф кардаанд.
***
Меҳргон дар байни мардум бештар чун иди ҳосилот маъмул гардидааст. Барои фасли зимистон захира кардани маводи зарурии ғизоӣ яке аз анъанаҳои неки Меҳргон мебошад.
***
Таҷлили расмии Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»






