«ШАРОРАИ ХОТИРАҲО». Бо ин ном дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон барномаи консертӣ бахшида ба 55-солагии ансамбли эстрадии «Гулшан» доир мегардад

Июнь 17, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 55-солагии ансамбли эстрадии «Гулшан» таҳти унвон «Шарораи хотираҳо» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар он беҳтарин устодони санъати касбии тоҷик, сарояндагони ансамбли овозадори  эстрадии «Гулшан» иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аз ҷумла устодони санъат Баҳодур Неъмат, Мағфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Тамара Пулотова, Маҳбуба Боҳирова, Исматуло Холиқов, Татяна Барило ва Бахтиёр Иброҳимов иштирок менамоянд.

Дар ин бора аз  Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи  эстрадии «Гулшан» яке аз дастаҳои маъруфи ҷумҳурӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дастаи  мазкур моҳи майи соли 1964 дар назди Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио таъсис ёфтааст.

 Дар ҳайати дастаи «Гулшан» бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Орифшо Орифов сарояндаҳои ҷавон, ба мисли Тоҷиддин Муҳиддинов, Мағфират Ҳамроқулова, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Раҳима Шалоэр, Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев ҳунарнамоӣ намуда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он шуҳрат пайдо карданд.

Оҳангҳои халқии «Дилбари ҷон», «Сокина», «Чеҳраи зебо», «Гулумой», «Чакра чакидан гирад» ва «Эй санам» то ҳол дар байни мардум шӯҳратёранд.

Соли 1980 ин оркестр барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ шудааст. Барои хизмати шоиста сарояндагони дастаи эстрадии «Гулшан» бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Июнь 17, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад