«ТАШРИФИ РАСМИИ ДОНАЛД ТУСК БА ТОҶИКИСТОН – ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ ДИПЛОМАТӢ». Чунин баён доштааст коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ Холмаҳмад Самиев дар мусоҳиба бо «Ҷумҳурият»

Июнь 24, 2019 16:06

ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода бедем, рӯзҳои 29-30 майи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизбони  Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск буд, ки бо ташрифи расмӣ дар кишвари мо қарор дошт ва дар баробари муколимот ва гуфтугўҳои судманд бо мақомоти олии давлатӣ, аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз низ дидан намуд. Ташрифи расмии Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск роҳи муносиботи мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи нави таърихӣ ҳамвор сохт. Пиромуни ташрифи расмии Раиси Шӯрои Аврупо   Доналд Туск, диду боздид ва таассуроти ў аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Бахтиёри ҚУТБИДДИН бо коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣдекани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад САМИЕВ суҳбате орост, ки муҳтавои онро манзури хонандагон мегардонем:

-Ташрифи расмии Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Тускро метавон саҳифаи наве дар таърихи сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистон унвон кард?

-Албатта, дар марҳилаи ҷадиди таърихӣ сафари расмии Президенти Шўрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск саҳифаи наверо дар таърихи  дипломатияи тоҷик кушод. Ҳарчанд ки намояндагони расмии кишварҳои аврупоӣ ва раҳбарияти созмонҳои байналмилалӣ тайи 27 соли соҳибистиқлолӣ зиёд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, вале сафари ахирӣ дар марҳилаи ҳассоси геополитикӣ дар таҳкими муносиботи дипломатӣ корсозтар аст. Илова бар ин, дар доираи ин сафар Доналд Туск бисёр воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, мафкуравии дохилиро, ки бар асари таҳоҷуми иттилоотии бадхоҳони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутафовит ба назар мерасиданд, аз наздик мушоҳида кард ва ба дурустии вазъ даст ёфт. Аз ин лиҳоз, ташрифоти мазкурро бидуни шак, метавон ба унвони саҳифаи тозае дар муносиботи  дипломатии давлати Тоҷикистон бо ИА муаррифӣ кард.

-Воқеияти сафари Доналд Тускро ба Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? 

-Доналд Туск дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки сафараш дар доираи қабул шудани Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ иттифоқ афтодааст ва аз ҷумлаи Президенти аввалини Шӯрои Аврупо мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст. Аз ин ҷост, ки ташрифи расмии Доналд Туск баёнгари ҳамкориҳои қавии Шўрои Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва соири созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории қавӣ дорад ва дар доираи сиёсати боз бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин нуктаро Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ ба таври равшан иброз дошт: «Тоҷикистон барои Иттиҳоди Аврупо шарики муҳим ва стратегӣ боқӣ мемонад». Ҳамчунин, Раиси Шўрои Аврупо афзуд, ки ҷойгиршавии минтақавии Тоҷикистон аз нуқтаи стратегӣ муҳим буда, нақше, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Аврупо ва Осиё дорад, барои шарикии замонавӣ роҳҳои навро боз мекунад. Аз ин ҷост, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ба марҳилаи ҷадид мерасанд ва таҳаввулоти баъдиро дар заминаи ин навъ диду боздидҳо метавон интизор шуд.

-Ба назари шумо, дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шўрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск чӣ масоили муҳиме матраҳ гардиданд, ки дар дурнамои сиёсати хориҷии давлати миллӣ асаргузор хоҳанд буд?

-Аввалан, бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Тускро дар фазои самимияту ризоият истиқбол гирифта, зимни пешвозгирӣ маросими пазиройии меҳмонро тибқи талабот ва таомулоти ташрифоти давлатӣ анҷом дод. Яъне маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллӣ, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ҷамъбаст гардид. Баъдан мулоқоти сатҳи олӣ нахуст дар вохӯрии хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Туск оғоз ва сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо идома ёфт. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Аснои мулоқот тарафҳо силсилаи масоил, минҷумла: масъалаҳои муҳимми ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию башардӯстонаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, аз он ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор дода,  нақши Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва Зеркумитаи рушди он, Муколамаи сиёсию амниятӣ ва Муколамаи ҳуқуқи инсонро барои таҳкими муносибот мусбат арзёбӣ карданд.

-Албатта, масоили амниятӣ ва суботи минтақавӣ, ҳамчунин мавзўоти ҳассоси замони муосир низ аз доираи суҳбат берун намонд…

-Бале, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои амниятӣ ва суботи минтақавӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризм, оқибатҳои даҳшатбори он, паҳншавии терроризму экстремизми динӣ-мазҳабӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ мавриди радду бадал қарор гирифт. Гузашта аз ин, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, алалхусус Барномаҳои БОМКА ва КАДАП дар самти таҳкими иқтидори муҳофизатии сарҳади давлатӣ бо Афғонистон махсус зикр гардида, изҳори итмимнон карда шуд, ки вобаста ба таҷаммӯи бештари гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, тадбирҳои мустаҳкам намудани хатти сарҳад тавассути кумакҳои бештари Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Аз ҳама муҳим, Иттиҳоди Аврупо ва Раиси Шўрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск ҷиддияти масоили амниятӣ ва суботи минтақавиро, ки дар пешорўйи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ба хубӣ дарк намуданд ва дар пайи ҳалли мушкилоти амниятӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлатӣ гомҳои устувор бардоштанд.

-Бубахшед, дар доираи дидор мавзўи экстремизм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар минтақа, ки аз исломи сиёсӣ маншаъ мегирад, мадди назари бевоситаи тарафҳо (манзур Доналд Туск ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст) қарор гирифт?

-Мавзўи экстремизм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар минтақа ҳамчун мавзўи ҳассоси замони муосир, ки бештар ба исломи сиёсӣ гироиш дорад, дар ҳошияи масоили амниятӣ ва суботи минтақавӣ матраҳ гардид. Мутмаинан, Раиси Шўрои Аврупо доир ба масоили терроризму экстремизми динӣ-мазҳабӣ, ки дар минтақа таҳти пўшиши исломи сиёсӣ ҳузур ва нуфуз пайдо кардан мехоҳад, мутолеоти ҷиддӣ дорад ва аз барномарезиҳои сиёсие, ки бар мабнои манофеи баъзе қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешаванд, воқиф аст. Афзун бар ин, мубориза алайҳи гурўҳҳои тундрав ва ифротии мазҳабӣ, ки дар партави исломи сиёсӣ амният ва суботи минтақаҳоро зери суол мебаранд, низ дар барномаи кории Раиси Шўрои Аврупо ҷой дорад ва дар ин масир муборизаи дастаҷамъонаро омили суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ донистани мақомоти баландпояи Шўрои Аврупо аз зумраи дастовардҳои сафари расмии Доналд Туск маҳсуб меёбад.

-Маълум аст, ки сафари расмии Раиси Шўрои Аврупо ба Тоҷикистон дар расонаҳо ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии мустақил вокунишҳоро ба вуҷуд овард. Дар ин замина чӣ андеша доред?

-Тавре ки аз муҳтаво ва натоиҷи ташрифоти Раиси Шўрои Аврупо иттилоъ дорем, сохторҳои ҳукумативу дипломатии аврупоӣ аз ин сафар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду ҷониб мусбат арзёбӣ намуданд. Табиист, ки барои доираҳои дигар ва махсусан, баъзе расонаҳои ифротӣ, ки ғолибан зери чатри ташкилоти террористии наҳзатӣ паноҳ мебаранд, сафари сиёсатмадори аврупоӣ Доналд Туск нигарониҳоро ба бор овард. Онҳо аз ин сафар интизориҳои дигар доштанд, аммо мунтазироти ин бадхоҳон бароварда нашуд. Ин аст, ки вокунишоти тунде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бар ҷой гузоштанд. Мурури баъзе сомона, расонаҳои ифротӣ ва матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ ҳокӣ аз он аст, ки Доналд Туск ба баррасии ошкору интиқодии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон напардохт ва масоили доғро сарфи назар кард. Ин навъи мулоқоти раҳбари сиёсии Аврупоро мунтақидони хориҷӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои наҳзатӣ ба мавзўи тақвияти мавқеи Аврупо дар Осиёи Марказӣ марбут медонанд ва дар ин замина  натиҷа мегиранд, ки Туск ба хотири тақвияти муносибот дар Осиёи Марказӣ намехоҳад бо раҳбарони поймолкунандаи озодиҳо муносибатро бад кунад. Ба ин тартиб, боздиди Раиси Шӯрои Аврупо аз Тоҷикистон Доналд Тускро гурӯҳҳои зиддимиллӣ, ба таври ғаразнок  арзёбӣ карданд.

-Наҳзат (манзур ташкилоти дар Тоҷикистон мамнўи наҳзати исломӣ аст), ба фикрам, зиёдтар аз дигарон дар ин масъала ранҷ мебарад, ҳамин тавр не?

-Албатта, раҳбарияти наҳзатӣ ва доираҳои ба он марбут аз чунин ранг гирифтани мулоқот ба шок афтиданд ва онҳо ҳаргиз бовар надоштанд, ки сафари расмии Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туст барои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон босамар меанҷомад. Элитаи наҳзатӣ ва ҳаммаслакони он, ки дар ташкилаи худхонди Паймони миллии Тоҷикистон мунсаҷим шудаанд, аз он изҳори ризоият мекарданд, ки раҳбари сиёсии Аврупо хостҳои онҳоро таъйид мекунад ва роҳро барои касби нуфуз дар минтақа ҳамвор месозад. Сўйистифода аз мафҳумҳои «демокросӣ», «мардумсолорӣ», «парламентаризм», «секулоризм», «либеролизм», «гуфтугўмеҳварӣ» дигар ба кори рўзмарраи баъзе гурўҳҳо ва созмонҳои сиёсии хориҷӣ табдил ёфтааст, ки худро мухолифи сарсахти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Бо пўшиш додани мафҳумҳои болоӣ онҳо мехоҳанд дар Аврупо худро ҷонибдори низоми демократӣ вонамуд кунанд ва созмону давлатҳои қудратманди ғарбиро ба пуштибонӣ даъват намоянд. Аз ҷумла шикоят бурдан ба Иттиҳоди Аврупо ва САҲА аз силсилаи барномарезиҳои ба истилоҳ, мухолифини тоҷик дар Аврупо ба шумор меравад. Вале, тавре ки мушоҳида кардем, сафари Туск ба манфиати гурўҳҳои манфиатхоҳ мусоидат накард ва раҳбари сиёсии аврупоӣ бо таассуроти ҷолиб аз Тоҷикистон ба Аврупо баргашт. Ва воқеӣ ба назар мерасад, ки расонаҳои мустақили хориҷӣ, ки ба манфиати ин ва ё он гурўҳи мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон ба сафари Доналд Туск вокуниш нишон медиҳанд ва аз он ба унвони ташрифоте, ки дар рушди демократия ва ҳифзи арзишҳои умуминсонӣ  беаҳамият аст, ёд мекунанд. Вақте ки ниёзҳо бароварда нашуд, интиқодот зиёд мешавад. Ин аст, ба назари мо, формулаи вокунишҳои шадиди гурўҳҳои манфиатхоҳи тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар худро мухолифин унвон мекунанд.

-Чӣ, наҳзат ва гурўҳҳое, ки алъон зикрашон рафт, ба пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ, Иттиҳоди Аврупо ва шахси Раиси Шўрои Аврупо такя мекунанд?

-Аслан, гурўҳҳои ба ном мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи он эътилофи дуруғини Паймони миллии Тоҷикистон истодааст, ба пуштибонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои пуртаъсири сиёсии ғарбӣ ниёз доранд ва дар партави пуштибониҳои хориҷӣ фаъолияти худро ҷоннок мекунанд. Дигар ин ки онҳо дар симои мақомоти баландпояи ғарбӣ ҳомиёни ормонҳои демократиро мебинанд, ки тавассути изҳорот ва паёмҳои сиёсӣ аз фаъолияти бемамонияти онҳо барои таъмини ҳуқуқи башар, иҷрои қонунҳо ва озодиҳо мусоидат мекунанд. Дар ҳоле ки асли мафкураи мухолифини наҳзатӣ ба арзишҳои демокросӣ ва мардумсолорӣ дар таноқуз аст ва раҳбарияти наҳзатӣ аз арзишҳои либеролӣ ва демокросӣ ҳамчун  абзори мафкуравӣ ва сиёсӣ дар маъракаҳои сиёсӣ истифода мекунад ва тамҷид аз озодандешӣ ва дунявият танҳо василаи расидан ба ҳадафи мухолифон ҳасту бас. Аз ин рў, такя кардан ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои гурўҳҳои мухолиф амри зарурист. Мутаассифона, сиёсати дустандартаи баъзе созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ боиси он гардидааст, ки гурўҳҳои тундрав дар минтақаҳо нуфуз пайдо намоянд ва ноамнию бесуботӣ густариш ёбад.

Баъзе коршиносони масоили ҳуқуқи башари хориҷӣ бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон баъди соли 2015 рукуди арзишҳои демократӣ ва маҳдудшавии озодиҳо мушоҳида мешавад, вале  суҳбатҳои  Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск иддаои онҳоро машкук ҷилва медиҳад…

-Комилан бо шумо мувофиқам. Муддаиёни ин навъ биниш ва андеша наҳзатро ба унвони неруи пешрав ҷилва медиҳанд ва онро дар хориҷ аз кишвар реклама мекунанд. Ин назари тоза нест. Солҳост як идда коршиносони мустақили дохилию хориҷӣ ба ин нуқтаназар побанд буданду ҳанўз ҳастанд. Будани наҳзат дар фазои сиёсии кишвар чӣ мушкилеро дар Тоҷикистон ҳал кард, ба ҷуз иғтишошоти фикрӣ, бурузи иддаоҳои мазҳабӣ, хушкандешӣ ва нуфузи таассуб дар баданаҳои иҷтимоӣ?  Омили аз саҳнаи сиёсии кишвар дур шудани наҳзат худи наҳзат мебошад. Фазлфурўшиҳо, иддаоҳои бебаркаш, риёкорию худнамоиҳо ва саранҷом дар табаддулоти давлатӣ даст доштан ҳизби наҳзатро ба инҳироф бурд ва сабаби баста шуданаш  гардид. Дар мавриди интихоботҳо ва шаффофияти онҳо ҳаминро бояд арз дошт, ки чаҳор сол пеш дар пайи интихоботи порлумонӣ ҳизби наҳзат овози заруриро гирифта натавонист ва ҷойҳои худро дар парлумон аз даст дод. Ҷараёни интихоботро  нозирони минтақавӣ ва байналмилалӣ назорат карданд ва  он замон маъракаҳои сиёсии ҷумҳуриро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои интихоботҳои воқеии демократӣ арзёбӣ карданд. Албатта, дар раванди баргузории чорабинии сиёсӣ (манзур интихоботи парлумонӣ аст) камбуду навоқис ҳам ҷой дошт, ки амри табиист. Аммо, ба таври куллӣ, интихобот дар Тоҷикистон хуб сурат гирифт ва аҳзобе, ки овозҳои зарурии халқ ва интихобкунандагонро соҳиб шуданд, ба парлумони кишвар роҳ ёфтанд. Агар аҳзоби оппозитсионӣ ба маҷлис роҳ наёфта бошанд, айби кист?

-Дар доираи сафари расмӣ раҳбари сиёсии аврупоӣ аз кӯли Сарез дидан кард ва бо табиати дилфиребу нотакрори диёри мо ошно шуд. Ҳамчунин Раиси Шўрои Аврупо аз ноҳияи хушманзари Дарвоз боздид ба амал оварда, бо намояндагони қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ мулоқоти самимӣ анҷом дод. Ин навъ вохўриҳо, бешубҳа, биниши раҳбари сиёсии аврупоиро дар нисбати мардум ва табиати нотакрори Тоҷикистон тағйир медиҳад.

-Ҳатман тағйир медиҳад. Доналд Туск на танҳо аз кўли Сарез дидан кард, балки зимни боздид аз кӯли Сарез, ки яке аз бузургтарин манбаъҳои оби мусаффо дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, табиати дилфиребу нотакрор дорад, ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дода, табиати  зебою нотакрори диёри  моро ганҷинаи бузурги табиӣ номид. Дар гузориши муфассали телевизионӣ, ки ба муҳтавои сафари расмии Доналд Туск ихтисос ёфта буд, таассуроти раҳбари сиёсии аврупоӣ дар нисбати табиати нотакрори диёри мо, манбаи оби мусаффо будани Тоҷикистон, ташаббусҳои Сарвари давлат дар масоили марбут ба мушкилоти оби сайёра ва таъмини мардум ба оби ошомиданӣ изҳор гардиданд. Ӯ баъди тамошои кӯли Сарез бардоштҳояшро ба хабарнигорон ин тавр арзёбӣ кард:

«Ҳангоме ки мо ба ин кӯли нодир назар меафканем, пеш  аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат – обро мебинем. Мо бояд обро ба тарзи самаранок, ба шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем. Зеро ин неъмати табиат сарвати муҳим маҳсуб мешавад. Дар ҳақиқат, ин сарвати Тоҷикистонро ягон кишвари дунё соҳиб нест. Оби поку мусаффо ва табиати дилфиреб, албатта,  дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Дар миёни кӯҳсор ганҷинае нуҳуфтааст, ки наҷотбахши башар аст…».

Дар идомаи сафар Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск  аз Кохи бонувон ва истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз низ дидан кард. Дар Кохи бонувон фаъолият ва маҳсули дастранҷи ҳунармандон муаррифӣ карда шуд. Дар истироҳатгоҳи «Чорчаман» бошад, намоиши ҳунарҳо, хўрокҳои миллӣ ва дастранҷи сокинони ин ноҳияи кӯҳистони мамакат ташкил гардида буд. Зимни боздид ҳайати меҳмонон аз тамошои маконҳои зебову чашмаҳои ин минтақаи мамлакат ҳаловат бурда, таассуроташон дар бораи Тоҷикистони биҳиштосо ва мардуми заҳматқарини он тағйир ёфт. Бо чашми худ дидани воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва фарҳангии кишвар назари ташрифоварандагонро нисбат ба давлати мо дигар кард. Тағйироти назари раҳбари сиёсии аврупоиро дар ҳолати ў, ки аз тариқи наворҳои расонаӣ ва телевизионӣ бармало мешуд, мушоҳида кардан мумкин буд.

-Баъзан дар расонаҳо аз танишҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ сухан меравад. Оё ин навъ танишҳо ба Иттиҳоди Аврупо ва раҳбарони сиёсии аврупоӣ низ иртибот мегиранд?

-Бояд арз дошт, ки танишҳои лафзӣ баъзан буруз мекунанд, вале миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мушкилоте вуҷуд надорад. Баъдан, радду бадалҳо ва мунозираю мубоҳисаҳо дар робита бо масоили муҳим ва калидӣ ҳамеша дар меҳвари фаъолиятҳои  созмонҳои байналмилалӣ ва  раҳбарияти давлатҳо қарор доштаанд ва шароити имрўза низ аз ин қоида истисно нест. Вуҷуду баҳсу мунозираҳо ва интиқодҳо ба рушди демократия ва мардумсолорӣ мусоидат мекунад. Гузашта аз ин, дар нишасти матбуотӣ, ки ба мавзўи ташрифи раҳбари сиёсии аврупоӣ ҷаноби Доналд Туск ихтисос ёфта буд, дар ҳузури намояндагони ВАО Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки равобити ҳасана ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи давраи соҳибистиқлолии давлати мо бар пояи усулҳои баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум, эҳтирому эътимод ба якдигар ва риояи манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки як даҳсола қабл ба тасвиб расидааст, робитаҳои тарафҳо тақвияту тавсеа ёфта истодаанд. Дар доираи Стратегияи рушди миллӣ то давраи соли 2030, ки омилҳои калидӣ ва роҳу василаҳои рушди дарозмуддату устувори Тоҷикистонро муайян мекунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро дар баробари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид чун шарики калидии татбиқи ин Стратегия дидан мехоҳад.  Ба сухани дигар, давлати Тоҷикистон аз Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки соли ҷорӣ қабул мешавад, самимона истиқбол менамояд.

Бо масъулияти тамом метавон гуфт, ки миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ сўйитафоҳуме вуҷуд надорад ва мулоқот ва диду боздидҳои раҳбари сиёсии аврупоӣ аз кишвари мо ин нуктаро бори дигар собит месозад, ки ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кулли масоил умри ҳамбастагиҳои давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дароз мекунад.

-Тарафи мухолиф бар он пофишорӣ менамояд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон поймол карда мешавад ва маҳдудиятҳо дар заминаи озодии баён ва виҷдон ба назар мерасад. Маҳз пайгирии ин масъаларо мухолифон аз Раиси Шўрои Аврупо ҷаноби Туск интизор буданд. То куҷо назари мухолифин дуруст аст?

-Ба ном мухолифин барои он ки дар хориҷ имиҷи сиёсӣ касб кунанд ва ҳамчун неруи сиёсии фаъол шинохта шаванд, ба мавзўи озодии баён ва ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ мекунанд. Чун медонанд, ки дар заминаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои инсонӣ дар Аврупо барномаҳои ҷиддие даст гирифта шудаанд ва дар ин самт сармоягузориҳои ҳангуфте ҳам ҷой дорад, ба гўшзад кардани ин гуна мавзўот даст мезананд ва аз ин ҳисоб рўз мебаранд. Аммо дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳоро раҳбари сиёсии аврупоӣ ба чашми сар бидид. Албатта, мо намегўем, ки дар масоили марбута Тоҷикистон мушкил надорад ва қавонин сад дар сад иҷро мешаванд. Мушкилот ҳам мавҷуд аст ва Ҳукумат пайи рафъи камбудиҳо дар ин самт ҷаҳду талоши меварзад. Нуктаи дигар ин аст, ки ҷомеаи мо дар ҳалли мушкилот бо Ҳукумат хеле кам ҳамкорӣ мекунад ва баъзан бетарафӣ аз сўйи шаҳрвандон мушкилоти самтро меафзояд. Агар ба ном мухолифин озодии виҷдон гуфта бастани чанд масҷиди ғайриқоунӣ ва ё ба маҳкама кашидани чанд ҷинояткори мазҳабиро дар назар дошта бошанд, сахт иштибоҳ мекунанд. Озодии виҷдон бар он маъност, ки як инсон дар доираи қавонини мавҷуда ба ҳар ақида ва мазҳабе, ки алоқа дорад, мепайвандад ва таҳмили ақоид, ба ҳеҷ ваҷҳ, мумкин нест. Аммо доираҳои мазҳабии мо ва бахусус, рўҳониёни муҳофизакор ва мутаассиб ба таҳмили ақидаи худ пофишорӣ мекунанд ва нафаронеро, ки ба онҳо мухолифати фикрию ақидатӣ доранд, ба куфру илҳод муттаҳам мекунад. Магар ҳамин аст, озодии виҷдон? Ё ин ки озодии виҷдон танҳо ба мусулмонон ва мазҳаби ҳанафӣ татбиқ мешавад? Онҳое, ки ба мазоҳиб ва ё ақоиди дигар майл доранд, дар доираи қавони мавҷуда аз ҳуқуқи баробар бархўрдоранд. Бинобар ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳрвандонро, новобаста аз ҷойгоҳу мақом, дину мазҳаб ва миллияту халқият баробар медонад. Ба ин меъёрҳо побанд бояд буд, на ин ки лофи динмадорӣ ва тақводорӣ зад. Мутаассифона, дар муҳитҳои мо диндорӣ бо риёкорӣ тавъам шудааст ва ҳар риёкоре динмадор аст ва худро аз дигарон болотар медонад.

Хушбахтона, Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск бо воқеиятҳои давлат ва кишвари мо ошно шуд ва минбаъд таҳрифгарони воқеиятҳоро мешиносад. 

-Аз муҳтавои суҳбати шумо бармеояд, ки сафари расмии Раиси Шўрои Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ буд.

-Оре, сафари расмии Раиси Шўрои Аврупо ба Тоҷикистон муваффақ буд. Сатҳи баланди пазиройии меҳмон, ташкили мулоқоту вохўриҳо, сафар ба кўли Сарез, боздид аз ноҳияи Дарвоз ва дасткориҳои санъатӣ ва ҳунарии мардум, ошноӣ бо намояндагони ҷомеаи маданӣ, тамошои табиати нотакрори диёр ва дар ниҳоят, таассуроти аҷиб аз сафари расмӣ Раиси Шўрои Аврупоро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз боварманд месозад. Зиёда аз ин, ҷаноби Туск ҳамчун як дипломати муваффақ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари босамар анҷом дод ва то дер боз диду боздидҳо ва мулоқоту вохўриҳояшро бо раҳбарияти сиёсӣ ва ақшори иҷтимоӣ дар хотир ҳифз хоҳад кард. Ба дунболи ин, ин сафар дар марҳилаи нави таърихӣ заминаҳои мусоидро барои рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо фароҳам хоҳад овард.

-Арзи сипос барои чунин суҳбати ҷолиб.

Муваффақ бошед.

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Июнь 24, 2019 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст