ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе давоми ду соли оянда 9 меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Дирӯз, 4 июл бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯнамоии лоиҳаҳои меҳмонхонаҳои навбунёдшавандаи ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» сохтмони меҳмонхонаи «Дипломат»-ро дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-стройсервис» бинои бисёрфунксионалии серошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Себистон-2018» мехмонхонаи замонавии «GrandRudakITower»-ро дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин дигар ширкатҳои ватанӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ тайи 2 сол меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва дизайни миллӣ бунёд хоханд кард.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо рӯнамоӣ гардид, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.
«Меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз утоқҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зеризаминӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом, толори синамо, таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷаҳҳаз мебошанд»,- афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тайи солҳои охир симои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.









Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид






