Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд

Ноябрь 25, 2026 09:49

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом бо саҳми соҳибкорон ва сокинон бунёду навсозии 8 иншооти гуногуни иҷтимоӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва истеҳсолӣ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар ин раванд бахши иҷтимоӣ дар Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр майдони Парчами давлатӣ, дар деҳаи Хамирҷӯ бо ташаббуси ходимони дин муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бинои иловагии бунгоҳи тиббӣ сохта мешаванд.

Дар бахши кишоварзӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо ташаббуси соҳибкор Ҷалил Маҷидов дар 73 гектар боғи интенсивӣ бунёд мешавад. Он дар марҳилаи аввал 30 гектарро фаро мегирад. Бо истифода аз обёрии қатрагӣ масоҳати ин боғ дар оянда то ба 500 гектар расонида мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соҳибкор Парвиз Ҷӯраев дар 5 гектар лагери истироҳатии кӯдакона бунёд мекунад, ки аз 3 бинои дуошёна, 80 ҳуҷра ва ҳавзи шиноварӣ иборат буда, дар як баст то 200 нафарро қабул хоҳад кард. Илова бар ин, дар деҳаи Равоти Ҷамоати деҳоти Пӯлодон бо ташаббуси соҳибкор Самиҷон Собиров дар 5 гектар минтақаи истироҳатию солимгардонӣ ва ҳавзҳои моҳипарварӣ бо иқтидори истеҳсоли то 200 тонна моҳӣ дар як сол сохта мешаванд.

Дар соҳаи саноат коргоҳи рехтагарии оҳании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бодом» бо таҷҳизоти нави чинӣ пурра таҷдид гардида, бо иқтидори қариб 50 тонна оҳан беш аз 50 номгӯй маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол хоҳад кард. Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодон бо ташаббуси соҳибкор Мирзодаврон Мирзомансуров коргоҳи истеҳсоли сангрезаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оникс» бунёд мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 25, 2026 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»