Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва шиносоӣ бо раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Нахуст дар деҳоти Тутиёни ноҳияи Муъминобод Қоҳир Расулзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои азнавбарқарорсозии боғҳо иштирок намуд.
Тибқи нақша, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинонидани 700 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун пешбинӣ гардидааст. Ин тадбир ба зиёд намудани майдони боғ, эҳёи боғҳои куҳна, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва истифодаи самараноки замин равона шудааст.
Зимни боздид ба масъулин ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, нигоҳубини дурусти ниҳолҳо ва вусъат бахшидани корҳои сабзкорӣ тавсияҳо дода шуд.
Дар идома дар деҳаи Лангарӣ ва Шайхмирии деҳоти Боғгаӣ биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №19 ва №54 мавриди истифода қарор гирифтанд. Иншооти аввала барои 288 ва дуюмӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои шароити зарурии таълим мебошанд.
Сарвазири мамлакат зимни суҳбат хонандагонро ба донишандӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи самараноки имконоти фароҳамгардида роҳнамоӣ намуд.
Ҳамчунин Дар деҳаи Деҳлолои деҳоти Чашмасорон низ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 бо нуҳ синфхонаи таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот 432 хонандаро дар ду баст ба таълим фаро гирифта, бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст.
Дар доираи сафар Сарвазири мамлакат дар ноҳия маркази хизматрасонии «Дарё»-ро ба истифода дод. Иншоот бо ташаббуси Гуландом Алиева бунёд шуда, дар он марказҳои савдо, дӯзандагӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мавҷуд мебошанд. Дар он 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Инчунин дар деҳаи Кулчашмаи ноҳия Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонии фурудгоҳи маҳаллӣ шинос шуд. Барои бунёди иншооти мазкур 23 гектар замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли равон оғоз ёфтанд. Эҳёи фурудгоҳ, ки фаъолияти он беш аз се даҳсола мавқуф гузошта шудааст, дар оянда барои беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ, рушди сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия нақши муҳим мебозад.
Дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Қоҳир Расулзода толори варзишӣ ва маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48- ро ба истифода дода, дар назди ҳамин муассиса барои сохтмони бинои иловагии таълимӣ санги асос гузошт. Бино барои 640 хонанда дар ду баст сохта мешавад.
Таъкид гардид, ки амалӣ намудани ин иқдом барои боз ҳам беҳтар шудани шароити таълиму тарбия ва рушди инфрасохтори соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард.
Дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз наздик шинос шуд. Тибқи маълумоти масъулон, то 21 сентябри соли равон дар ин мавзеъ 22 ҳазору 152 метри мукааб корҳои заминӣ иҷро гардида, барои мустаҳкамсозии соҳил тахтасангҳои оҳану бетонӣ истифода шудаанд. Инчунин дар масофаи 350 метр маҷрои сой аз сангу шағал тоза ва корҳои барқарорсозии пули мошингузар оғоз гардидаанд.
Зимни боздид ба масъулин ҷиҳати идомаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза нигоҳ доштани сой ва таъмини бехатарии сокинони маҳаллаҳои ҳамшафат дастур дода шуд.
Дар идомаи сафар дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат маркази хизматрасонии тиббии дандонпизишкиро ба истифода дод. Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкор Инатулло Ғуломов бунёд гардида, 15 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб дар доираи сафари кории Қоҳир Расулзода ба 188 зан дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот» таҷҳизоти занбӯриасалпарварӣ тақдим карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Бонки осиёии рушд амалӣ гардида, ба рушди занбӯриасалпарварӣ, тавонмандсозии иқтисодии занони деҳот ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии оилаҳо мусоидат менамояд.
Нимаи дуюми рӯз сафари кории Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Балҷувон идома ёфт. Дар мавзеи Калтачинори ноҳия Қоҳир Расулзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ба масъалаҳои сабзгардонии муҳити зист, нигоҳубини ниҳолҳо ва обёрии саривақтии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Таъкид шуд, ки бо назардошти табиати нотакрор, мавзеъҳои кӯҳсор ва имкониятҳои сайёҳии ноҳия густариши корҳои кабудизоркунӣ дар ин минтақа барои ҳифзи муҳити табиӣ ва зебоии маҳал аҳамияти хос доранд.
Дар деҳаи Маликдашти деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар», ки бо ташаббуси соҳибкор Абдулло Давлатзода бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд. Дар пайи ин иқдом 15 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардид.
Инчунин дар ноҳияи Балҷувон Қоҳир Расулзода ба бунёди фурудгоҳи маҳаллӣ санги асос гузошт. Фурудгоҳ дар ҷамоати Сари Хосор сохта шуда, барои беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ ва рушди сайёҳӣ нақши муҳим дорад.
Иншооти хуштарҳу замонавӣ бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва унсурҳои миллӣ бунёд гардида, дар он барои кормандону мутахассисон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Бинои маъмурии фурудгоҳ аз ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои интизорӣ ва қабулу гусели мусофирон иборат хоҳад буд.
АКС: АМИТ «Ховар»




























Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад






