Ҷамолиддин Нуралиев: «Татбиқи тарҳи «Digital CASA» аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ иқтисоди рақамиро дар Тоҷикистон рушд медиҳад»

Июль 11, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи «Digital CASA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев барои рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намудааст. Вай ин матлабро дар мулоқоташ бо гурӯҳи намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, дар ҳайати намояндаи доимии БҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс, сармутахассисони бонк оид ба рушди рақамӣ Хуан Навас-Сабатер, Олег Петров, Михаил Бунчук зимни баррасии  масъалаҳои татбиқи лоиҳаи  «Digital CASA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр намуд.   

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таъкид карданд, ки ҳадафи ташрифи ҳайат ба Тоҷикистон ба таври ниҳоӣ муайян ва ҳамоҳанг намудани барномаҳои марбут  ба татбиқи самараноки лоиҳаи «Digital CASA» ва механизми маблағгузории он мебошад.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии лоиҳа зиёд намудани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар Тоҷикистон, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст  аст. Татбиқи лоиҳаи мазкур амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидат менамоянд. Татбиқи лоиҳаи номбурда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки хати шабакаи интернети босуръатро якбора аз чанд самт -аз шарқ – Чин, аз ғарб Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ба ҷумҳурӣ ворид намояд, ки он сабаби таъминоти устувори Интернет мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи «Digital CASA» ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё- Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иқтисодиёти рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имконият барои истифода аз хизматрасонии рақамии босифат аз ҳадафҳои муҳими лоиҳаи мазкур маҳсуб меёбад.

Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки татбиқи ин лоиҳа барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, рушди инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумак хоҳад кард.

Ҷамолиддин Нуралиев дар баробари аҳамияти минтақавии лоиҳаи мазкур  зикр кард, ки марҳилаи ҷалби бахши хусусӣ дар раванди амалигардонии он мушаххас карда шавад. Дар ин росто,  вай аз мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи «Digital CASA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мусбати бонк дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Ташкили Маркази боиқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиёти рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад.

Июль 11, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт