Ба бозори сайёҳии вилояти Суғд 6 ширкати нав ворид гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 6 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуда, дар ин замина 20 хатсайри дигар роҳандозӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ширкат ва хатсайрҳои мазкур дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфта, аз имкониятҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мебошанд.
Бояд гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳамчун самти муҳими рушди иқтисоди миллӣ эътироф гардида, дар ин самт тадбирҳои мухталиф андешида мешаванд.
Аз ҷумла, дар мамлакати мо, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд, ки дар ин замина, ширкат ва хатсайрҳои сайёҳии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодаанд.
Мавриди зикр аст, ки бо фароҳам овардани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нави сабукрав фароҳам оварданд, ки барои соҳаи сайёҳӣ таҳаввулоти тоза гардид.
Ин аст, ки бо фароҳам овардани заминаҳои зарурии рушди сайёҳӣ ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон афзуда, шумораи он соли 2018 аз 1 миллион убур кард.
«Натиҷаи имтиёҳои фароҳамовардашуда ва тадбирандешиҳо буд, ки дар шаш моҳи соли равон тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят 363 ҳазору 300 нафар шаҳрвандони хориҷӣ — сайёҳон ба қаламрави вилоят ворид шуданд»,- афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар мамлакат зиёда аз 170 ширкати сайёҳӣ амал мекунанд, ки аз ин шумора 32–тояш дар қаламрави вилояти Суғд мебошанд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






