Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузорӣ то соли 2020 дар вилояти Хатлон 12 бинои таълимии замонавӣ месозад
ДУШАНБЕ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар марҳилаи IV то соли 2020 дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалисозии 12 лоиҳаи мактабии дорои 6, 8 ва 10 синфхона пешбинӣ шудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) Шералӣ Сиддиқзода иброз дошт.
Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ҳоло дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барномаҳои худро амалӣ намуда истодааст.
Ба зикри номбурда, аз ин теъдод дутоаш (дар ноҳияи Данғара ва шахри Левакант) муассисаҳои таълимии нав мебошанд, ки пештар вуҷуд надоштанд. Сохтмони биноҳои таълимии дигар, ки дар ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Хуросон, Кўшониён, Вахш, Балҷувон, Восеъ, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб амалӣ мегарданд, дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудаанд. Лоиҳаҳои мактабӣ, ба ғайр аз бинои таълимӣ, инчунин сохтмони нуқтаҳои санитарӣ, таъмини мактабҳои лоиҳавӣ бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва неруи барқро низ фаро мегиранд.
«Мақсади асосии барнома- ин беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои фарогир тавассути бунёди биноҳои нави мактабӣ ва таъмини таҷҳизоту инфрасохтори онҳо бо истифодаи сифати мувофиқ, инчунин омӯзиши ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон дар мактабҳои лоиҳавӣ мебошад», — афзуд Шералӣ Сиддиқзода.
Гуфта шуд, ки дар шаш моҳ дар доираи татбиқи марҳилаи чоруми барнома як зумра корҳо, аз ҷумла арзёбии лоиҳаҳои мактабӣ, гузаронидани савдо-озмунҳо барои интихоб ва бастани шартномаҳо бо ташкилотҳои пудратӣ, омӯзишӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои мактабӣ, доир намудани чорабиниҳои омӯзишӣ, гузаронидани мониторингҳо ва дигар корҳои марбут ба лоиҳа анҷом дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон давоми фаъолияти худ зиёда аз 700 лоиҳа амалӣ намудааст, ки дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои молиявии кишварҳои дигар рӯи кор омадааст. Фаъолияти БМИМТ аз татбиқи Лоиҳаи таҷрибавии паст кардани сатҳи камбизоатӣ соли 1997 оғоз меёбад, ки асосан бо маблағҳои қарзии Бонки ҷаҳонӣ ва ҳиссагузории Ҳукумати мамлакат амалӣ шудааст.








Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»
Тоҷикистон ва Ҷопон бунёди пули нав аз болои дарёи Кофарниҳонро баррасӣ намуданд






