Дар ҳамаи шабакаҳои барқии ШСХК «Барқи Тоҷик» аз тарафи ширкатҳои ватанӣ низоми биллингии муосир тарҳрезӣ шудааст

Июль 31, 2019 16:05

ДУШАНБЕ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи 64 шабакаҳои барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» аз тарафи ширкатҳои ватанӣ низоми биллингии муосир тарҳрезӣ шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод.

«Кори системаи билингии «Express Client» дар 24 шабакаи барқӣ ва «Tajbilling» дар 39 шабакаи барқӣ пурра тарҳрезӣ шуда, ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон ба барномаҳои мазкур ворид карда шуда, бахши ҳисоббаробаркунӣ аз баҳисобгирии китобӣ ба системаҳои биллингӣ ба роҳ монда шуда истодааст»,-гуфт Раиси ширкат.

Бино ба маълумоти номбурда, ширкати мазкур ҷиҳати гузаштан ба низоми нави баҳисобгирӣ як зумра корҳоро анҷом дода истодааст, аз ҷумла барои ба истгоҳҳои транформатории қуввагии тавоноии гуногун насб намудани системаи баҳисобгирии интеллектуалӣ дар соли 2018 7500 (ҳафт ҳазору панҷсад) ҳисобкунаки интеллектуалӣ харид намуд. Ҳисобкунаки интеллектуалӣ ба ҳамаи шабакаҳои барқии зертобеъ барои дар навбати аввал дар истгоҳҳои трансформатории маркази шаҳру ноҳияҳо насб намудан дастрас карда шуда, насби онҳо аз тарафи шабакаҳои барқӣ дар нуқтаҳои зарурӣ идома дорад.

Аз миқдори мазкур барои пурра насб намудани чунин ҳисобкунакҳо дар истгоҳҳои трансформатории дар тавозуни шабакаҳо ва муштариён қарор дошта, ба Шабакаҳои барқии ноҳияи Рӯдакӣ 2100 адад ҳисобкунакҳои барқии интеллектуалӣ бо ноқилҳо ва таҷҳизоти зарурӣ ҷудо шудааст, ки айни ҳол 1030 адади он насб карда шуда,  корҳои насбу васл идома доранд.

Баҳри ба роҳ мондани ҳисоби дурусти хароҷоти неруи барқ аз тарафи зерсохторҳои ширкати «Барқи Тоҷик» дар давраи аз моҳи сентябри соли 2018 то 1 июли соли 2019, дар воридаҳои 0,4 кВ-и истгоҳҳои трансформатории 6-10/04 кВ, дар маҷмӯъ 4100 адад ҳисобкунакҳои барқии кӯҳна ба ҳисобкунакҳои барқии замонавӣ (электронӣ) иваз карда шудаанд.

Инчунин бо мақсади ба роҳ мондани ҳисоби дурусти неруи барқ дар нимсолаи аввал ба миқдори 13055 адад ҳисобгиракҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 2691 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар давраи аз 1 январи соли 2015 то 1 июли соли 2019 аз тарафи зерсохторҳои ширкат 413190 адад ҳисобгиракҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 135 603 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шудаанд.

Июль 31, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид