Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардиданд

Июль 11, 2019 18:34

ДУШАНБЕ, 11.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор гардид. Ба ифтихори сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қаровули фахрӣ саф ороста, сурудҳои миллии ду давлат садо доданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ба  пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо арзи эҳтиром ба таърихи пурғановати мардуми тоҷик  гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Сарвазири Қазоқистон Аскар Маминро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар ҳошияи   ин сафари  расмӣ нахуст мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин доир шуд. Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд. Доир ба маҷмуи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва  роҳу нақлиёт табодули афкори судманд анҷом дода шуд.

Дар мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари нахустини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои вобаста ба он  ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Дар робита ба  ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, роҳҳои афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид гардид, ки новобаста аз афзоиши нишондиҳандаҳои савдои хориҷии байнидавлатӣ ҳанӯз ҳам имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намегарданд ва нақши Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ  бояд дар ин самт фаъол гардонда шавад.

Чонибҳо доир ба иҷрои нақшаи муштараки ҳамкорӣ оид ба афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар солҳои 2019-2021 ва масъалаҳои вобаста ба  рушду тавсеаи ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон  дар доираи кори  Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон  табодули афкор намуданд.

Таъкид карда шуд, ки дар ҳар ду давлат барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, обу энергетика, истихроҷ  ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ,комплекси агросаноатӣ, энергетикию сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангу маориф имконият ва захираҳои фаровон доранд, ки истифодаи самараноки онҳо дар шароити имрӯз ба манфиати ду ҷониб хоҳад буд.

Ҳарду ҷониб аз сатҳу сифати ҳамкориҳо дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ изҳори қаноатмандӣ намду омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар ин бахш таъкид доштанд.

Ҷалби сармояи мустақими Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими равобити мустақими доираи соҳибкорию тиҷоратии  ду давлат, эҳёи  фаъолияти  Фонди сармояи мустақими Тоҷикистону Қазоқистон, таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт барои коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон  бо назардошти содирот ба бозорҳои Қазоқистон, бунёди корхонаҳои муштараки коркарди ғалла ва содироти маҳсулоти он ба хориҷи мамлакат дар заминаи корхонаҳои истеҳсоли орд  дар Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳафт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз ҷумлаи онҳо Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳомии «Агромашхолдинг- KZ»,  Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ва Ҷамъияти саҳомии Ширкати суғуртавию содиротии  «КазахЭкспорт» ва  Созишномаи ҳамкорӣ байни Бонки Аврупоии Рушд, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии Ширкати суғуртавию содиротии  «КазахЭкспорт» мебошад. Санадҳои дигари имзошуда ҳамкориҳои байни ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар бахши таъминоти  автомашинаҳои истеҳсоли Қазоқистон, маҳсулоти консерва ва  тиҷорати маҳсулоти хоҷагии қишлоқ  фаро мегиранд.

Оид ба натиҷаҳои   сафари  расмии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қазоқистон Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин нишасти матбуотӣ баргузор   намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ ҷонибҳо вохӯриҳоро самаранок арзёбӣ карданд. Татбиқи созишномаҳои дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳи марти соли гузашта имзошуда баррасӣ гардиданд.

Ҳамкориҳои судманд дар доираи шарикии стратегӣ, ки ҳоло идома доранд, минбаъд низ ба манфиати халқҳои ду давлат идома хоҳанд ёфт.

Зикр гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони пешқадами Тоҷикистон буда, гардиши ҳарсолаи савдои байни давлатҳо қариб 900 миллион долларро ташкил медиҳад.

Июль 11, 2019 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад