Дар «Тоҷикстандарт» омода намудани коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ташаккули низоми менеҷменти сифат дар Тоҷикистон Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») омўзиши мутахассисонро тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO ба роҳандозӣ намуд.
Тавре дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, таҳлилҳо аз таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки айни замон асоси муваффақият дар идоракунии корхонаҳо- ин ҷорӣ намудани менеҷменти сифат, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва хизматрасонӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Ин омил бевосита ба рақобатпазирии молу маҳсулоти ватанӣ ва дар ин замина ба рушди саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.
«Менеҷменти сифат дар корхона ба амалишавии мақсадҳои дар пешгузошташуда, рушди истеҳсолоти маҳсулоти баландсифат, кору хизматрасонӣ, батанзимдарории низоми молиявии корхона ва ҳавасмандгардонии коллективи меҳнатӣ ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои ниҳоии дар истеҳсолот банақшагирифташуда нигаронида шудааст», — таъкид намуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки ҳангоми истифода намудан аз стандарти ISO 9001 — 2015 «Низоми менеҷменти сифат» дар корхона сифати маҳсулоти истеҳсолшудаи ватанӣ (мол, кор ва хизматрасониҳо) ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мешавад ва айни замон аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» дар 257 корхонаю ташкилоти ватанӣ ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат ва корҳои сертификатсионӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба сомон расонида шудааст, ки аз ин шумора айни ҳол 214 корхона дорои сертификати амалкунанда мебошанд.
Бо мақсади ҷалб намудани коршиносон ҷиҳати омода намудани коршиносони сатҳи байналмилалӣ аз ҳисоби мутахассисони «Тоҷикстандарт» дар самти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоти ваколатдори Ҷумҳурии Украина ҶДММ «ИНТЕРСЕРТ УКРАИНА», ки аъзои ташкилоти бонуфузи олмонӣ оид ба сертификатсия «TUV Thuringen» маҳсуб меёбад, оғоз гардид. Дар ин робита бо ҷалби намояндаи ширкати мазкур, доктори илмҳои техникӣ, академик Александр Янишевский омўзиши мутахассисон роҳандозӣ шуд. Мавсуф дар ин соҳа соҳибтаҷриба буда, дар 180 корхонаҳои муқтадир, аз ҷумла дар Германия, Япония, Федератсияи Россия ва Украина дар таҳия ва ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат ширкат намудааст.
Баъди гузаронидани омӯзиш кормандони масъул тавассути супоридани имтиҳон соҳиби сертификати эксперти сатҳи байналмилалӣ мешаванд ва ин омил барои эътирофи сертификати мутобиқат дар хориҷи мамлакат замина мегузорад.
Қаблан аз ҷониби мутахассисони «Тоҷикстандарт» 12 нафар донишҷўи курси 4-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба корҳои таҷрибаомўзӣ дар самти менеҷменти сифат ҷалб карда шуданд.
Соли равон дар 10 корхона аудити инспексионӣ ва дар 31 корхона бо фарогирии 180 нафар намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида, дарсҳои омўзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масоили истифодаи стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000 (9001, ИСО 22000, НАССР, 14001 ва 18001) гузаронида шуд.










Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






