Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба буҷаи давлат беш аз 8 миллион сомонӣ маблағ ворид намудааст

Июль 17, 2019 16:20

КӮЛОБ, 17.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар шашмоҳаи аввали соли 2019 аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба буҷети ҷумҳурӣ 8 млн. 631 ҳазору 998 сомонӣ маблағ ворид намудааст. Ин  рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 628 ҳазору 399 сомонӣ ё 215,6 фоиз зиёд мебошад.  Дар ин бора дирӯз, 16 июл зимни нишасти матбуотӣ директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» Алӣ Комилзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки фурудгоҳи Кӯлоб дар ин давра ба маблағи 11 094 292 сомонӣ фоида ба даст овардааст. Феълан дар фурудгоҳ 223 нафар корманд фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 39 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2019 Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба 50 ҳазору 663 нафар мусофирон хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 207 нафар кам мебошад.

Ҳамчунин Алӣ Комилзода баён намуд, ки  дар ин давра гурӯҳи муоинаи Хадамоти бехатарии авиатсионӣ ҳангоми гузаронидани муоинаи пешазпарвозии мусофирон 63 нафар мусофиронеро, ки бо худ ашё ва моддаҳое доштанд, ки бурдани он бо ҳавопаймо манъ аст, ошкор намуданд. Онҳо 37 адад ашёи тезу буранда, 2 адад бозичаҳои ба яроқ монанд, 35 литр равған, 540 гр моддаҳои заҳролудкунандаи (зидди ҳашарот), 1260 гр моддаҳои химиявӣ ва 5,7 литр нӯшокиҳои спиртиро ошкор намуданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,
                                                                                              рӯзноманигор

Июль 17, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд