Иззатулло Саидзода: «Шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои асосие, ки дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ шудаанд, бархурдоранд»
ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бояд гуфт, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамасола барнома ва санадҳо барои солҳои тӯлонӣ омода ва таҳия мегарданд. «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» таҳия гаштааст, ки аз ҷумлаи онҳост. Ин санад тамоми субъектҳоро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ зарур шуморидааст.
Ин нуктаро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Ба таъкиди мавсуф, бо ин мақсад як гурӯҳ кормандон ва роҳбарияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ, ноҳияҳои Носири Хисрав, Шаҳритус, Балҷувон, Ёвон, А. Ҷомӣ, Варзоб, Айнӣ, Рашт ва Ишкошим сафар намуда, доир ба фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои судманд барпо намуданд. «Тавре мо зимни вохӯриҳо мушоҳида намудем, шаҳрвандони ин минтақаҳо аллакай аз он ҳуқуқу уҳдадориҳои асосие, ки дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ шудаанд, бархурдор ҳастанд. Лекин новобаста аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва шахсони мансабдор санаду барномаҳо қабул намудааст, ки ин амал қобили дастгирист.
Ҳамчунин Иззатулло Саидзода зимни нишаст иттилоъ дод, ки дар робита ба самти фаъолият оид ба мутобиқгардонии қонунгузории муқовимат бо коррупсия ва мурофиавии ҷиноятӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дода шуданд. Дар натиҷаи омӯзиш Тавсияҳо оид ба такмили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» омода гардиданд, ки 29 таклифро дар бар мегиранд.










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






