КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолияти шашмоҳаи ҳизбро натиҷагирӣ намуд

Июль 24, 2019 15:09

ДУШАНБЕ, 24.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Тибқи таҳлилҳои  оморӣ,  дар шаҳри Душанбе шумораи  аъзои  ҳизб  66   ҳазору  558 нафарро  ташкил дода, дар пойтахт  861 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият доранд. Сафи  аъзои   ҳизб дар пойтахт   тадриҷан  афзуда, аз ин шумора   31458 нафар  занон (47,26%) ва 27968 нафарро   ҷавонон (42,02%) ташкил   медиҳанд. Танҳо дар шаш моҳи соли равон   теъдоди    ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ  94  адад ва  аъзои он  3515 нафар   зиёд  гардид», -иттилоъ дод  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода дирӯз зимни пешниҳоди  гузориш дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба  натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб, ки  дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»  баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур мудири шуъбаи  таблиғот ва  иттилооти  дастгоҳи  КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, муовини раиси  шаҳри Душанбе  Мавсума Муинӣ,  раиси Комиссияи   тафтишотии   ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Икромҷон Субҳонзода, аъзои Кумитаи шаҳрии ҳизб, раисону мудирони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо, роҳбарони  намояндагии ТҶҶ «Созандагони   Ватан» дар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои он, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок  намуданд.

Зимни баррасии масъалаи якуми рўзнома  З.Раҳмонзода роҷеъ ба афзоиши сафи аъзои ҳизб, теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ, чопи хабару мақолаҳо дар нашрияи «Мароми пойтахт»  ва дигар расонаҳои даврӣ, кумакҳои хайриявии кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ, баргузории аксияву ҳамоишҳо  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  инчунин  дигар  корҳои дар шашмоҳаи  аввали соли  2019  анҷомёфта ҳисобот дод.

Сипас аз рӯи  масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис оид ба фаъолияти раисони комиссияҳои доимии назди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва  кор бо шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳои  ҳудуди шаҳри Душанбе  муовини  Раиси    шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ,   оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вакилони  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар назди   Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  устоди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи  маориф  Мусо  Асозода  ҳисобот  доданд.

Мудири  шуъбаи  таблиғот ва иттилооти КМ ҲХДТ  Маҳмадулло  Наимов  оид ба масоили   баррасишуда   ибрози   назар карда, фаъолияти нимсолаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро  қаноатбахш  арзёбӣ кард.

Ҳамин тариқ, дар ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз рўи ҳамаи масъалаҳои   баррасишуда қарорҳои  дахлдор қабул гардиданд.

Июль 24, 2019 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид