Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Вена бо Дабири кулли САҲА мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2019./АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар Вена Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ ҶТ.
Дабири кулли САҲА ҳайати Тоҷикистонро барои бомуваффақият ба анҷом расонидани раёсати кишвар дар Форуми ҳамкории амниятӣ (FSC) табрик намуда, саҳми Тоҷикистонро дар ғанӣ гардонидан ва пеш бурдани рӯзномаи пурмуҳтавои Форум сутуд.
Муовини вазир аз ҷонибдории Котиботи САҲА аз Тоҷикистон зимни раёсаташ дар FSC миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки иқдомҳои ҷониби мо зимни раёсати кишвар барои эҷоди фазои эътимод ва таҳкими сулҳу амният дар паҳнои САҲА саҳми арзанда гузорад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар ҳошияи се ченаки Созмон, фаъолияти лоиҳавии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, баргузории даври навбатии ҷаласаи Платформаи шарокат ва дигар масоили мавриди эҳтимоми маштарак мубодилаи афкор намуданд.
24 июл дар Вена Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ҳамчунин бо Муовини вазири федералии Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Ҳелмут Тихи мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ намуда, рағбати худро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона баён карданд. Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва тақвияти абзорҳои иртиботии ду кишвар дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.









Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






